Юлдуз Усмонова як таронаашро бо тарҷумаи тоҷикӣ ба духтараш тақдим кард

© Sputnik / Рамиз БахтияровПевица Юлдуз Усманова
Певица Юлдуз Усманова - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Нилуфар Усмонова, духтари Юлдуз Усмонова нахустин бор ба забони тоҷикӣ тарона иҷро кардааст. Таронаи "Меояд, ёр меояд" аслан моли хонум Юлдуз аст

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik.  Нилуфар Усмонова, духтари ҳунарманди машҳури узбакистонӣ Юлдуз Усмонова нахустин бор бо забони тоҷикӣ тарона иҷро кардааст. Аслан, таронаи "Келади, ёр келади" моли модари сароянда буда, Усмоноваи хурдӣ онро бо тарҷумаи забони тоҷикӣ иҷро кардааст.

Худи Юлдуз Усмонова дар яке аз шоуконсертҳояш гуфтааст, ки таронаашро ба духтараш Нилуфар тақдим кард.

"Таронаи "Меояд"-ро Нилуфар бо забони тоҷикӣ иҷро мекунад. Ман ин таронаро бо забони узбекӣ сароидаам. Худатон қазоват кунед, ки кӣ беҳтар сароидааст", - мегӯяд вай.

Парвандаи ҷиноӣ алайҳи Саидҷон барои ташкили консерти Юлдуз Усмоноваи тақаллубӣ

Хонум Юлдуз Усмоноваро дар Узбекистон примадонна мегӯянд. Ҳунарманд дар Тоҷикистон низ ҳаводорони зиёде дорад. Чанд таронаи вай, аз ҷумла бо забони тоҷикӣ "Биё ҷонам" дар Тоҷикистон солҳо шӯҳрати худро аз даст надода буд.

Усмонова ҳамагӣ як  духтар дорад, ки ӯ низ пешаи сарояндагиро ихтиёр кардааст.

Пештар хабар дода шуд, ки ҳунарманд бо шавҳараш ба Ҳаҷ рафтааст.

Лентаи хабарҳо
0