ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Дар бинои ЮНЕСКО дар шаҳри Париж дар доираи намоишгоҳи мӯди байналмилалӣ Oriental Fashion Show Paris-2020 маросими супоридани ҷоиза ба тарроҳон сурат гирифт.
Тоҷикистонро дар ин чорабинии сатҳи ҷаҳонӣ тарроҳи маъруфи тоҷик Нафиса Имронова муаррифӣ мекард.
"Салом Тоҷикистони маҳбубам. Ман барои Шумо хабари бисёр хушоянд дорам. Бастаи либосҳое, ки дар намоишгоҳи мӯди Париж муаррифӣ намудем, соҳиби ҷоизаи ЮНЕСКО гардид", - изҳор намудаст Нафиса дар сафҳаи Instagram - и худ.
Гузашта аз ин, ба гирифтани мукофоти ЮНЕСКО як намояндаи дигари Тоҷикистон, асосгузори Ҳафтаи мӯд Tajikistan Fashion Week Тоҳир Иброҳимов низ сазовор дониста шуд.
Қобили зикр аст, ки Намоишгоҳи байналмилалии мӯд Oriental Fashion Show Paris-2020, рӯзҳои 19 - 20 январи соли ҷорӣ дар шаҳри Париж баргузор гардид.
Дар намоишгоҳи мазкур дасти кам 35 тарроҳ аз кишварҳои Аврупо ва Осиё ширкат намуда, наздики 10 либос - дастранҷи худро ба намоиш мегузоштанд.