Мушовири дабири кулли СММ: Доналд Трамп бадтарин раисҷумҳур дар таърихи Амрикост

© AP / Alex BrandonПрезидент Дональд Трамп
Президент Дональд Трамп - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мушовири дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид гуфт, Доналд Трамп фарди бесуботу хатарнок барои тамоми ҷаҳон ва ҳатто миллати Амрикост

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Ҷеффри Сачз, мушовири вижаи дабири кулли Созмони Милал дар як суҳбати телевизионӣ таъкид доштааст, ки  Доналд Трамп бадтарин раисҷумҳур дар таърихи Амрикост, иттилоъ додааст хабаргузории “Parstoday”.

Президент США Дональд Трамп - Sputnik Тоҷикистон
Дар Эрон барои каллаи Трамп се миллион доллар ваъда карданд

Ҷеффри Сачз, мушовири вижаи дабири кулли Созмони Милал дар умури тавсеа дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии “Франс-24”-и англисӣ бо ишора ба тавофуқ ҳастаии Эрон бо кишварҳои аврупоӣ ва Амрико гуфт, бар асоси ин тавофуқ, қарор буд, ки Эрон барномаи атомии худро мутаваққиф кунад ва равобити оддиро эҳё кунад, ки ин масири дуруст буда ва Аврупо то кунун аз ин мавзӯъ ҳимоят карда, аммо Амрико таҳти ҳокимияти Трамп ин корро анҷом надодааст, балки он талош кард, ки ин тавофуқи байналмилалиро аз байн барад ва “ин мавзӯъ моро дар остонаи ҷанг қарор додааст”.

 Ин мақоми Созмони Милал ин рафтори Амрикоро навъе ҷунун тавсиф ва тасреҳ кард, Аврупо ҳамакнун ба Эрон мегӯяд, ки бояд ба тавофуқ пойбанд бошад, аммо Аврупо бояд ба Трамп бигӯяд, ки ҳаросафканиро мутаваққиф кунад ва эълом кунад, ки “мо хоҳони тавофуқи ҷаҳонӣ бо Эрон ҳастем”.

“Хандадор аст, ки кишваре бар хилофи 192 кишвари Созмони Милал амал мекунад... Ман ба мардум Амрико мегӯям, ки мо дар ҷангҳои бенатиҷа триллионҳо доллар дар Ироқ, Афғонистон, Сурия ва Либия ҳазина карда ва шоҳиди фоҷеа пас аз фоҷеа ҳастем ва ин сабаби вайронии худи Амрико мешавад. Трамп фарди бесубот ва хатарнок барои тамоми ҷаҳон ва ҳатто амрикоиҳост. Ӯ аз тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон хориҷ шуд ва раҳбарони аврупоӣ дар дифоъ аз ин тавофуқ, ки тамоми ҷаҳон ба ҷуз Трамп аз он ҳимоят карданд, ноком буданд ва ин, воқеан, хатарнок аст”, гуфт Ҷефри Сачз.

Президент США Дональд Трамп - Sputnik Тоҷикистон
Трамп Сулаймониро "террористи бераҳм" гуфт ва сабаби қатлашро шарҳ дод

 Сачз афзуд мо бояд босароҳат ба Трамп бигӯем, ки Шумо дар робита бо Эрон иштибоҳ рафтор мекунед ва ҳамаи моро ба хатар меандозед. Шумо наметавонед дар Кохи Сафед биншинед ва дастури террори як мақоми эрониро бидиҳед ва онро амре оддӣ биномед ва аз он ҳимоят кунед, зеро тарс додани дигарон бар хилофи маншури Созмони Милал ва бархилофи манофеи Амрико, Аврупо ва ҷаҳон аст.

Мушовири Гутерреш дар идома бо таъкид бар ин ки Амрико ба сиёсати хориҷии ҷадиде ниёз дорад, гуфт ҳамакнун зерсохтҳо дар Амрико аз байн рафта ва фарсуда шудаанд.

"Мо дар бахши кӯдакон ва зерсохтҳои кишварамон сармоягузорӣ накардаем ва ҳамчунон корхонаҳои аслиҳасозӣ ва беш аз 700 пойгоҳи низомӣ дар саросари ҷаҳон дорем, вале ин сиёсат муассир нест ва Амрико ҳамакнун қудрати 40 соли пешро надорад", зикр кард Ҷеффри Сачз.

Лентаи хабарҳо
0