Гулрӯ Ҷабборзода - вазире бо диду назари тоза - Акс

© Иқбол Тешаев, сухангӯи раиси шаҳри ИсфараГулру Ҷабборзода, вазири меҳнат ва шуғли аҳолии ҶТ
Гулру Ҷабборзода, вазири меҳнат ва шуғли аҳолии ҶТ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар мавриди муаррифии Ҷабборзода Гулрӯ танҳо зикри он кофист, ки мавсуф ҳанӯз солҳои 2001 – 2011 масъулияти сарварии Бахши Исфарагии Ташкилоти Амонатии Қарзии Хурди Имонро ӯҳдабароёна ба зимма дошт

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо имзои фармоне вазири меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Сумангул Тағойзодаро аз мақом барканор ва Гулрӯ Ҷабборзодаро ба ҷои вай таъин намуд.

Сухангӯи раиси шаҳри Исфара Иқбол Тешаев дар саҳифаи фейсбукиаш дар бораи вазири нави меҳнати Тоҷикистон маълумот додааст.

"Шарафёб гардидан ба боварию эътимоди Сарвари давлат, Пешвои миллат ва ба вазифаи муҳиму баланди давлатӣ таъин гардидан Гулрӯ Ҷабборзода худ далелу бозгӯйи лаёқату истеъдод ва ҳунару маҳорати баланди касбию тахассусии ин бонуи соҳибмаърифат буда, ҳамзамон масъулияти бузургеро ба зиммаи ӯ мегузорад", - менависад Тешаев.

Дар мавриди муаррифии Ҷабборзода Гулрӯ танҳо зикри он кофист, ки мавсуф ҳанӯз солҳои 2001 – 2011 масъулияти сарварии Бахши Исфарагии Ташкилоти Амонатии Қарзии Хурди Имонро ӯҳдабароёна ба зимма дошт. Аниқтараш, хишти аввали бунёдии ин ташкилотро гузошта, тайи 10-соли фаъолияти пурмаҳсулаш тавонист, ки ташкилоти бонуфузеро дар шаҳр созмон бидиҳад, меафзояд вай.
Ҷабборзода 21 августи соли 2011 муовини раиси шаҳри Исфара оид ба иқтисодиёт ва молия таъин гардида, тӯли 4 сол самаровар фаъолият доштааст.

21 феврали соли 2014 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида, то ба имрӯз ин масъулиятро муваффақона ба ҷо овард.
21 январи соли 2020 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ҷабборзода Гулрӯ Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.
Ногуфта намонад, ки Гулрӯ Ҷабборзода, баъди Шамсиддин Орумбекзода дувумин вазирест, ки дар  Фейсбук саҳифаи худро дорад.

Лентаи хабарҳо
0