ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво абрнок шуда, боридани барфи бошиддат дар назар аст. Ҳаво шабона 2-4 дараҷа хунук ва рӯзона 1+3 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, дар водиҳо борон ва барф ба амал меояд. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ барф бошиддат борида, туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 5-10 ва рӯзона 1-6 дараҷа хунук мешавад.
Имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок шуда, барф меборад. Дар ғарби вилоят барф бошиддат борида, дар шарқи вилоят барфи суст дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 6-11 ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 28-33 ва рӯзона 14-19 дараҷа хунук мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳои водигӣ борон ва барф меборад. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ барф борида, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 6-11 дараҷа хунук ва рӯзона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок дар назар буда, дар водиҳо борон ва барф меборад. Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ барф бошиддат борида, туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо ҳаво шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.