ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Дар ҳоле, ки дар Тоҷикистон таблиғи маъракаи интихоботи парлумонӣ оғоз шудааст, баъзе аз сокинон ба вакилони нав пешниҳод намудаанд, ки минбаъд дар шабакаи интернет фаъол бошанд ва бо таъсис додани қабулгоҳи электронӣ дар бораи фаъолияти худ ба интихобкунандагон ҳисобот ироа намоянд.
Иқбол Тешаев, рӯзноманигор ва сӯхангӯи ҳукумати шаҳри Исфара бо чунин пешниҳод рӯи сафҳааш дар Фейсбук гуфтааст, ки "хуб мебуд, агар вакилони ояндаи парлумони Тоҷикистон ҳам аз ҳамдиёри худ - депутати Думаи давлатии Россия, Раҳим Азизов ибрат гирифтаву ба ӯ пайравӣ мекарданд".
Оғози таблиғи маъракаи интихобот дар Тоҷикистон бо ривояти аксҳо
Тешаев ишора ба суроғи сафҳаи фейсбукии Раҳим Азизов, вакили Думаи давлатии Русия кардааст, ки аз фаъолияти депутатиаш пайваста ахбор пахш мекунад ва дар қабулгоҳи электронӣ ҳамеша бо интихобкунандагони худ дар иртибот аст.
"Ҳоло дар арафаи чорабинии муҳими сиёсӣ - Интихоботи даъвати нави вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем, тавсия мегардад, ки вакилони нави парлумони мо низ аз чунин иқдоми ҳамкасбони руси худ- депутатҳои Думаи давлатии Россия бояд амалан пайравӣ бикунанд", - таъкид намудааст Тешаев.
Шуморе аз корбарони шабакаи фейсбук ин пешниҳоди рӯзноманигорро ҷонибдорӣ намуда ва аз чунин шеваи корбарии Раҳим Азизбоев ситоиш кардаанд.
Аз ҷумла ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон зери тавсияи Тешаев нигоштааст, ки "Пешниҳоди хуб ва қобили қабул аст".
Азизов Раҳим Азизбоевич, дар моҳи сентябри соли 2016 аз ҳавзаи якмандатаии вилояти Киров, депутати Думаи давлатии Русия интихоб шудааст. Ӯ зодаи шаҳри Исфараи Тоҷикистон мебошад.
Сабқат сар шуд! Аҳзоби сиёсии Тоҷикистон номзадҳои худро муаррифӣ карданд
Зимнан парлумони Тоҷикистон сомонаи расмии худро дорад, вале дар он дар бораи вакилон танҳо шарҳи ҳолашон мавҷуд аст.
Қарор аст, рӯзи 1-уми марти имсол интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон баргузор шавад ва 63 вакил барои шомил шудан ба Парлумон вориди сабқат мешаванд. Аммо ҳоло дар феҳристи ҳавзаҳои якмандатии ҳизбӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар дида мешавад, номзадии онҳое барои вакилӣ пешбарӣ шудааст, ки ҳоло аъзои Парлумон ҳастанд. Дар сурати пирӯз шудан дар интихобот-2020, ин номзадҳо аз парлумон ба парлумон мераванд, вале барои интихобкунандагони худ чи гуна ҳамкорӣ мекунанд?