ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Даҳаи сеюми моҳи январ дар вилояти Суғд озмуни вилоятии "Ҳунарҳои ороишӣ аз санг” гузаронида мешавад.
Дар ин бора хадамоти матбуотии ҳокимияти вилоят хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки мақсад аз баргузории озмун, мусоидат дар рушди ҳунари сангтарошӣ ва коркарди сангҳои қиматбаҳою ороишӣ, инчунин ташвиқу тарғиби таҷрибаи ҳунармандон мебошад.
Ғолибони озмуни “Ҳунарҳои ороишӣ аз санг” ва беҳтаринҳои соҳаи сайёҳӣ эълон мешаванд
"Даври якуми озмун дар шаҳру ноҳия ва даври дуюми он дар маркази вилоят доир гардида, ба ғолибон мукофотпулиҳо дар ҳаҷми 3000 сомонӣ, 2000 сомонӣ ва 1000 сомонӣ тақдим мегардад", - омадааст дар хабарнома.
Манбаъ афзуда, ки дар ҳар минтақаи вилоят коркарди сангҳои қиматбаҳою ороишӣ бо тарзу усули хоси минтақаи ҷойгиршавӣ ба роҳ монда шудааст ва яке аз ҳадафҳои озмун муаррифии маҳсулоти ватанӣ арзёбӣ карда мешавад.