70 нафар: КМИР руйхати номзадҳоро дар интихобот тасдиқ кард

© Sputnik Вывеска в Таджикистане - все на выборы 2020
Вывеска в Таджикистане - все на выборы 2020 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон руйхати 70 номзад аз 7 ҳизби сиёсиро барои вакилӣ дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон -2020 ба қайд гирифтааст

ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Бино ба иттилоъи АМИТ “Ховар” дар ин феҳристи 70 нафарӣ, аз ҷумла номзадҳо аз ҲХДТ-28, ҲАТ-13, ҲДТ-4, ҲИИТ-7, ҲКТ-6, ҲСТ-8 ва ҲСДТ-8 нафар шомил ҳастанд.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон: Саймурод Фаттоҳзода, Маҳмадалӣ Ватанзода, Ранохон Бобоҷониён, Насиба Содиқӣ, Дилрабо Мансурӣ, Сумангул Тағойзода, Фирӯза Шарифӣ, Идигул Қосимзода, Хайрулло Амонулло, Саодатшо Матробиён, Абдураҳим Холиқзода, Абдулло Табарӣ, Музаффарҷон Маҳмудов, Файзалӣ Идизода, Муҷибахон Ҷавҳарова, Бибиосия Аюбӣ, Шарофиддин Ҷӯразода, Файзалӣ Назаров, Тағоймурод Ҳасанзода, Рухсора Давлатзода, Сафиямоҳ Тешаева, Саёҳат Дадаҷонова, Ҳабибулло Амирбекзода, Зулфия Давлатзода, Дилноза Аҳмадзода, Бахтиёр Ҳамдамов, Фирдавс Ёдгорӣ, Фариза Абдуллозода.

Выборы, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Интихобот-2020: пешбарии вакили Парлумон ба Парлумон

Ҳизби аграрии Тоҷикистон: Рустам Латифзода, Фазлиддин Икромов, Мансур Усмонов, Неъматулло Холбойзода, Зайниддин Сафаров, Мирзоанвар Ахмедов, Шодӣ Мӯсозода, Музаффар Мирзозода, Бахтиёр Аҳмадзода, Ҷонона Ҳайдарзода, Нуралӣ Ниёзов, Рупия Сафарова, Раҳмон Зиё.

Ҳизби демократи Тоҷикистон: Саидҷаъфар Усмонзода, Диловар Холов, Таваралӣ Зиёзода, Зӯҳро Мирзоева. Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон: Рустам Қудратов, Машраб Файзуллоев, Ғиёсиддин Ашӯров, Даринг Раҳмон Ҷаҳон Афруз Қурбонзода, Зафар Ализода, Абдулатиф Раҳимов, Баҳодур Раззоқов.

Ҳизби коммунистии Тоҷикистон: Мироҷ Абдуллоев, Зарагул Мирасанова, Қурбонҷон Мирзоева, Ҳабибулло Ёров, Ҳикматулло Ҳамидов, Азизҷон Раҳмонов.

Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон: Абдуҳалим Ғаффоров, Маъруфхуҷа Юсупов, Зариф Наимов, Миҷгона Рустамова, Фаррух Боқиев, Давлатхоним Саидошурова, Наргиза Бобоҷонова, Уғул Қобилова.

Ҳизби Сотсиал-Демократи Тоҷикистон: Раҳматилло Зойиров, Шокир Ҳакимов, Дилбар Самадова, Бахтиёр Насруллоев, Нигина Шоназарова, Маҳмурод Одинаев, Қиёмиддин Азизов, Сиддиқ Саидов.

Парламентские выборы в Таджикистане 1 марта 2015 года - Sputnik Тоҷикистон
Омодагӣ ба интихобот - 2020: 46 ҳавзаи интихоботӣ ташкил карда мешавад

Имсол бар асоси баргузории интихобот сокинони Тоҷикистон барои 5 соли оянда, яъне ба муҳлати то соли 2025 вакилони худро дар парлумони кишвар интихоб мекунанд.

Парлумони Тоҷикистон аз 63 вакил иборат аст, ки номзадии кам ё беш аз 22 нафари онҳо тавассути овоздиҳии ҳизбӣ ва боқмонда аз ҳисоби райдиҳӣ дар ҳавзаҳои якмандатии шаҳру ноҳияҳои кишвар вакил интихоб мешаванд.

Дар интихоботи парлумонии соли 2015, ба ҳисоби вакилон аз ҲХДТ, барои аввалин бор намояндаи аҳзоб аз ҷумла Усмонзода Саидҷаъфар Усмон аз ҳисоби ҲДТ, се нафари дигар аз ҷумла Олимҷон Бобоев ва Рустам Қудратов аз ҲИИТ, Анвар Ахмедов ва Аҳмадҷон Қобилов аз ҲАТ, Абдуллозода Иброҳим ва Абдуҷаббор Ахмедов аз ҲКТ ва Абдуҳалим Ғаффоров аз ҲСТ ҳар яке аз тариқи ҷамъ 5 дарсади райи ҳизбӣ ва ё аз ҳисоби интихобкунандагон дар шаҳру ноҳияҳо ба сифати вакил ба порлумони касбии Тоҷикистон роҳ ёфта буданд.

Қарор аст, интихоботи парлумонии Тоҷикистон имсол рӯзи 1-уми март баргузор гардад.

Лентаи хабарҳо
0