ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Ёқубҷон Уроқов, масъули Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, мегӯяд, дар намоиши идона ҳама гуна олоти кории кишоварзӣ, хони пурнозу неъмат, ҳунарҳои мардумӣ ва аз ҳисоби хоҷагиҳои ниҳолпарвару тухмипарвар намоиш-фурӯши ниҳолҳои мевадиҳандаву сояафкан, гулу буттаҳои ҳамешасабзи ороишӣ ва тухмиҳои баландсифат, инчунин дигар суннатҳое, ки ҷашни Садаро ифода мекунанд, ба маъраз гузошта мешаванд.
Уроқов дар суҳбат бо “Ховар” изҳор доштааст, ки дар шаҳри Душанбе ва дигар минтақаҳои мамлакат нуқтаҳои муайянгардидаи намоиш-фурӯши ниҳолҳои мевадиҳандаву сояафкан, гулу буттаҳои ҳамешасабзу ороишӣ ва тухмиҳои баландсифати дорои сертификат пешниҳод мегарданд.
Манбаъ афзудааст, ки дар замони истиқлолият иди Сада баробари дигар маросиму суннатҳои миллии мо умри дубора пайдо карда, таҷлили ҳарсолаи он ба ҳукми анъана даромад ва дар радифи ҷашнҳои миллиамон ба қонунгузории мамлакат ворид гардид.
Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ин ҷашни аҷдодӣ дар соли 2019 иброз дошта буд, ки “Ниёгони мо панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯзро то ҷашни Наврӯз ҳисоб карда, Садаро таҷлил мекарданд. Яъне Сада ҷашни омодагӣ ба Наврӯз буда, ин ду ҷашни қадимӣ бо ҳам тавъам мебошанд. Мувофиқи сарчашмаҳои таърихӣ сабаби Сада номгузорӣ шудани ин ҷашн низ дар ҳамин аст”.