Михаил Мишустин: иқтисодчии доно, мутахассиси ботаҷриба ё хоккейбози боистеъдод - акс

Обуна шудан
Менеҷери хуб бо хислати қавӣ - маҳз ҳамкорон сарвазири нави Русия Михаил Мишустинро чунин тавсиф мекунанд

Илова ба фаъолияти касбии худ, сарвазири тозатаъини Русия Михаил Мишустин ба варзиш алалхусус Хоккей шакқи зиёд дорад. Сиёсатмадор муддати тӯлонӣ мухлиси содиқи клуби хоккейи ССКА буд.

Кандидат на пост премьер-министра РФ М. Мишустин встретился с парламентскими фракциями - Sputnik Тоҷикистон
Думаи Русия номзадии Мишустинро ба маснади сарвазирӣ тасдиқ кард

Пӯшида нест, ки Михаил Владимирович Мишустини 53-сола аз соли 2012 узви Шӯрои нозирони клуби хоккейи CСKA низ мебошад. Ҳангоми дар Шӯрои нозирони хоккей будан, ӯ як рӯйхати бозингарони пурқувватро ҷамъ овард, ки чаҳор маротиба мунтазам ҷои аввалро касб намуда, ҳамчунин як маротиба - дар мавсими (2018 - 2019) ба даври плей-офф роҳхат гирифта, Ҷоми Гагаринро азони худ намуданд.

Мишустин дар вақтҳои холигӣ аз фаъолияти касбии худ ба бозии хоккей машғул мешавад. Сиёсатмадор дар чандин бозиҳои бо Владимир Путин  болои ях баромада буд.

Ҷонишин: Путин ба Медведев мансаби нав пешниҳод кард-видео

Вақте имкон ба ӯ даст намедиҳад, ки худ бевосита боло ях барояд, ӯ дастаи дӯстдоштаи худро аз минбар ҷонибдорӣ мекунад

Номзадии Михаил Мишустинро худи раисҷумҳури Русия Владимир Путин пешниҳод намуд ва ахиран аз ҷониби Думаи давлатӣ низ номзадии ӯ ҷонибдорӣ шуд.

Михаил Мишустин 3 марти соли 1966 дар шаҳри Маскав таваллуд шудааст. Соли 1989 Донишкадаи мошинсозӣ дар Маскавро хатм кардааст.

Ежегодное послание президента РФ В. Путина Федеральному Собранию - Sputnik Тоҷикистон
Путин имзо гузошт: Мишустин сарвазири нави Русия таъин шуд
Вай бори аввал ба хизмати давлатӣ соли 1998, вақте муовини сардори Хадамоти давлатии андоз таъин шуда буд, омадааст. Аз соли 1999 то 2004 дар вазифаи муовини вазир оид ба андозҳо ва пардохтҳо кор кард ва сипас Роҳбари Агентии федеролии кадастри амволи ғайриманқул таъин шуд.

Дар солҳои 2007-2008, Мишустин роҳбарии Агентии федералии идоракунии минтақаҳои махсуси иқтисодиро ба зимма дошт.

Дар моҳи марти соли 2008, вай президенти гурӯҳи ширкатҳои UFG таъин шуд, ки ба идоракунии дороиҳо, сармоягузории мустақим ва фондҳои муштарак машғул буданд.

Сарвазири тозатаъини Русия доктори илмҳои иқтисодӣ буда, бо ордени "Хизмат ба Ватан" дараҷаи IV ва ордени Шараф мукофотонида шудааст.

© Sputnik / Александр Вильф / Гузариш ба медиабонкСарвазири тозатаъини Русия Михаил Мишустин ба ҷузъ аз фаъолияти касбии худ нисбати варзиш рағбати беандоза дорад ва мухлиси содиқи клуби ССКА- и Маскав ба ҳисоб меравад
Руководитель Федеральной налоговой службы РФ Михаил Мишустин в хоккейном матче  - Sputnik Тоҷикистон
1/8
Сарвазири тозатаъини Русия Михаил Мишустин ба ҷузъ аз фаъолияти касбии худ нисбати варзиш рағбати беандоза дорад ва мухлиси содиқи клуби ССКА- и Маскав ба ҳисоб меравад
© Sputnik / Алексей Куденко / Гузариш ба медиабонкӮ узви Шӯрои нозирони клуби хоккейи ССКА мебошад
Руководитель Федеральной налоговой службы Михаил Мишустин на трибуне во время матча  - Sputnik Тоҷикистон
2/8
Ӯ узви Шӯрои нозирони клуби хоккейи ССКА мебошад
© Sputnik / Виталий Белоусов / Гузариш ба медиабонкМишустин дар вақтҳои оригӣ аз фаъолияти касбии худ ба хоккейбозӣ машғул мешавад
Руководитель Федеральной налоговой службы РФ Михаил Мишустин в хоккейном матче  - Sputnik Тоҷикистон
3/8
Мишустин дар вақтҳои оригӣ аз фаъолияти касбии худ ба хоккейбозӣ машғул мешавад
© Sputnik / Виталий Белоусов / Гузариш ба медиабонкСарвазири феълӣ ҳамроҳ бо раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар бозиҳои Лигаи Хоккейи Шабона иштирок намуда буд
Руководитель Федеральной налоговой службы РФ Михаил Мишустин в хоккейном матче  - Sputnik Тоҷикистон
4/8
Сарвазири феълӣ ҳамроҳ бо раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар бозиҳои Лигаи Хоккейи Шабона иштирок намуда буд
© Sputnik / Виталий Белоусов / Гузариш ба медиабонкПрезиденти клуби хоккейи СКА Геннадий Тимченко ва роҳбари Хадамоти федералии андози Федератсияи Русия Михаил Мишустин (аз чап ба рост) дар бозӣ бо дастаҳои Малкин Тим ва Ковалчук ​​Тим дар доираи иқдоми хайриявии хоккей
Руководитель Федеральной налоговой службы РФ Михаил Мишустин в хоккейном матче - Sputnik Тоҷикистон
5/8
Президенти клуби хоккейи СКА Геннадий Тимченко ва роҳбари Хадамоти федералии андози Федератсияи Русия Михаил Мишустин (аз чап ба рост) дар бозӣ бо дастаҳои Малкин Тим ва Ковалчук ​​Тим дар доираи иқдоми хайриявии хоккей
© Sputnik / Алексей Куденко / Гузариш ба медиабонкХуб, агар вазъият ба ӯ иҷозат надиҳад, ки худи болои ях барояд, пас Мишустин бозии дастаи дӯстдоштаи худро аз саҳна тамошо мекунад
Руководитель Федеральной налоговой службы Михаил Мишустин на трибуне во время матча  - Sputnik Тоҷикистон
6/8
Хуб, агар вазъият ба ӯ иҷозат надиҳад, ки худи болои ях барояд, пас Мишустин бозии дастаи дӯстдоштаи худро аз саҳна тамошо мекунад
© Sputnik / Владимир Песня / Гузариш ба медиабонкМишустин шахсан бо Президенти хоккейи Русия Владислав Третяков шинос аст
Руководитель Федеральной налоговой службы Михаил Мишустин на трибуне во время матча  - Sputnik Тоҷикистон
7/8
Мишустин шахсан бо Президенти хоккейи Русия Владислав Третяков шинос аст
© Sputnik / Александр Вильф / Гузариш ба медиабонкБори аввал дар таърихи Русия ба курсии сарвазирӣ нафаре такя мезанад, ки Ҷоми Гагаринро ба даст оварда буд. Фамилияи "Мишустин" дар мавсими 2018-2019 ба косаи хоккей гузошта шудааст
Игроки российской команды Сергей Беляков и Михаил Мишустин - Sputnik Тоҷикистон
8/8
Бори аввал дар таърихи Русия ба курсии сарвазирӣ нафаре такя мезанад, ки Ҷоми Гагаринро ба даст оварда буд. Фамилияи "Мишустин" дар мавсими 2018-2019 ба косаи хоккей гузошта шудааст
Лентаи хабарҳо
0