ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров дар бораи эҳтимолияти он, ки вазифаи худро дар ҳукумати нав нигоҳ хоҳад дошт, шарҳ дод.
"Шумо эҳтимолан, муддати тӯлонӣ ҳамчун журналист кор кардаистодед. Шояд шумо худатон дарк кунед. <…> Бинед, ҳама хандиданд. Ба ман се рӯз пеш супориш дода буданд, ки уҳдадориҳоямро иҷро кунам ва ман иҷро карда истодаам ", - иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷии Русия ба саволи хабарнигорон посух дод.
Қобили зикр аст, ки ин савол ба Лавров қаблан ҳангоми сафари ӯ ба Тошканд дода шуда буд. Вай гуфт, ки пас аз хатми донишкада "на ин ки дар мансаб буд", балки "ҳамеша вазифаҳои худро софдилона иҷро мекард" ва ҳоло ҳам чунин мекунад.
Ёдовар мешавем, рӯзи 15 январ президенти Русия Владимир Путин ба Ассамблеяи федералӣ паём дод ва гуфт, ки ҷомеаи Русия ба тағирот ниёз дорад. Путин инчунин пешниҳод кард, ки ба Думаи давлатӣ ҳуқуқи тасдиқи сарвазир ва вазирон дода шавад.
Бо вуҷуди ин, вай қайд кард, ки президент ҳақ надорад номзадҳои дар Дума интихобшударо рад кунад, ба истиснои номзадҳои соҳаи ҳифзи ҳуқуқ.
Пас аз чанде, собиқ сарвазир Дмитрий Медведев истеъфои ҳукумати кишварро эълом кард ва рӯзи дигар Думаи давлатӣ Михаил Мишустинро ба ҳайси раиси кабинет тасдиқ кард.
Сарвазири нав, дар навбати худ, гуфт, ки дар ояндаи наздик вай рӯйхати номзадҳои навро ба кобина барои баррасӣ ба Думаи давлатӣ пешниҳод хоҳад кард.