Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати Владимир Путин ба Маскав меравад

Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон барои иштирок дар таҷлили Иди Ғалаба моҳи май ба Маскав сафар мекунад. Раисҷумҳурро ҳамтои русаш даъват кардааст

ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Рисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар таҷлили 75-солагии Иди Ғалаба моҳи май ба Маскав сафар мекунад, гузориш медиҳад РИА Новости.

"Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Майдони Сурх дар таҷлили ҷашн иштирок мекунад ва дар вохӯрии ғайрирасмии сарони кишварҳои ИДМ иштирок мекунад". - омадааст дар иттилои манбаъ.
Президент РФ В. Путин принимает участие в заседании Высшего Евразийского экономического совета - Sputnik Тоҷикистон
Паёми солинавии Путин ба Эмомалӣ Раҳмон

Владимир Путин, президенти Русия ба ҳамтои тоҷикаш даъватнома ирсол кардааст.

Пештар хабар дода шуд, ки Қӯшунҳои мусаллаҳи Тоҷикистон низ дар роҳпаймоии тантанавӣ дар Майдони Сурх иштирок хоҳанд кард.

Имсол, 9 май аз Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватан 75 сол сипарӣ мешавад.

Пештар Владимир Путин ба таҷлили Рӯзи Ғалаба як қатор сарони кишварҳо, аз ҷумла раисҷумҳури Амрико Доналд Трампро даъват карда буд.

 

 

Пештар ёвари раисҷумҳури Русия Юрий Ушаков гуфта буд, ки 17 президент иштирокашонро дар ин чорабинии пуршукӯҳ тасдиқ карданд.

Лентаи хабарҳо
0