Барф меборад ва меғ мефарояд: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевСнег в Душанбе, архивное фото
Снег в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, дар ноҳияҳо боридани барфи суст пешгӯӣ мешавад. Дар баъзе минтақаҳои кишвар меғ мефарояд

ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputniк. Ба иттилои Ожонси ҳавошиносӣ, имрӯз дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бе боришоти назаррас буда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ барфи суст меборад.

Дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 дараҷа хунук, рӯзона 0+5 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 10-15 дараҷа хунук ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад, хабар медиҳад АМИТ "Ховар" бо такя ба Ожонси ҳавошиносӣ.

Дорожная техника расчищает автомобильную дорогу от лавины, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҳушдори обуҳавошиносон: дар кишвар яхбандии роҳҳо ва фаромадани тарма дар назар аст

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда буда, бе боришоти назаррас шуда, шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 6-11 дараҷа то 13-18 дараҷа хунук, рӯзона 0-5 хунук, дар шарқи вилоят шабона 30-35 дараҷа хунук (дар мавзеи Булункул то 47-49 дараҷа хунук), рӯзона 15-20 дараҷа хунук (дар мавзеи Булункул то 23-25 дараҷа хунук) мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда шуда, бе боришоти назаррас мебошад. Дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона -3+2 дараҷа, рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 8-13 дараҷа хунук ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бе боришоти назаррас мешавад. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ барфи суст борида, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 0-5дараҷа хунук, рӯзона 1+6 дараҷа  гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳарорати ҳаво шабона аз 9-14 хунук то 15-20 дараҷа хунук, рӯзона 1-6 дараҷа хунук мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе  ҳавои тағйирёбанда шуда, бе боришоти назаррас  буда, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония  мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 2-4 дараҷа хунук, рӯзона 2+4 дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0