"Мариз аст": вакили чечен омили муваққатан аз вазифа даст кашидани Қодировро шарҳ дод

© Sputnik / Саид Царнаев / Гузариш ба медиабонкГлава Чеченской Республики Рамзан Кадыров, архивное фото
Глава Чеченской Республики Рамзан Кадыров, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шамсаил Саралиев вакили Думаи давлатии Русия аз минтақаи Чеченистон омили муваққатан аз вазифа рафтани Рамазон Қодировро ба бемории ӯ рабт дод

ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Вакили чечен Шамсаил Саралиев мегӯяд, раисҷумҳури Чеченистон Рамазон Қодиров бинобар мариз шудан, ба рухсатӣ баромадаст.

"Баъзан, оддитарин маризӣ аз қабили шамолхӯрӣ ва ё гирифтор шудан ба зуком, роҳбари ин манотиқро маҷбур мекунад, то муваққатан аз вазифа канор равад ва ба муолиҷаи худ машғул шавад", - навиштааст Саралиев дар Telegram.

Ба гуфтаи вай, ин чораи маҷбурӣ ва ҳамзамон муваққатӣ мебошад, ки комилан ба меъёрҳои қонунгузории кишвар мувофиқат мекунад.

Глава Чеченской Республики Рамзан Кадыров - Sputnik Тоҷикистон
Рамазон Қодиров муваққатан аз вазифааш даст кашид
"Механизме вуҷуд дорад, ки дар сурати бемории роҳбари минтақа, ҳуҷҷати вижае таҳия карда мешавад. Тибқи ин ҳуҷҷат, раиси ҳукумат ҳуқуқ дорад, дар сурати мариз будани раисҷумҳур, муваққатан зимоми роҳбариро ба дасти худ бигирад", - афзудаст вакил.

Рамазон Қодиров бо як назар блогерро нокаут кард - видео

Зимнан, Саралиев таъкид намуд, ки вазъ дар Чеченистон мисли пештара зери назорати худи Қодиров қарор дорад.

Ёдовар мешавем, ки чанде қабл Рамазон Қодиров роҳбари Чеченистон эълон намуд, ки муваққатан аз иҷрои вазифа даст мекашад ва роҳбарии ин минтақаро ба дӯши Хучиев Муслим роҳбари ҳукумати Ҷумҳурии Чеченистон вогузоштаст.

Лентаи хабарҳо
0