ДУШАНБЕ, 16 янв —Sputnik. Кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони ВУД-и Тоҷикистон дар марказҳои бозиҳои компютерии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе санҷиш гузаронд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар додааст.
Бино бар иттилои манбаъ, дар натиҷаи санҷиш дар маркази бозиҳои компютерӣ, воқеъ дар кӯчаи Ҳуснободи ноҳияи мазкур, ки ба шаҳрванд Мансур Ҷалолов тааллуқ дорад, муайян гардид, ки 8 нафар ноболиғ ва 11 нафар ҷавон ба бозиҳои зараровари компютерӣ машғул буданд.
Манбаъ қайд намудааст, ки барои иҷозат додани ноболиғон ба ин марказ нисбат ба соҳиби маркази бозиҳои компютерӣ санади зарурӣ тартиб дода, фаъолияти ин марказ муваққатан қатъ карда шуд.
Кормандони ВУД Тоҷикистон миёни ҷавонон ва ноболиғон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.
Ҳамзамон манбаъ қайд намудааст, ки нисбати падару модарони ин ноболиғон дар асоси моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон санади маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷарима татбиқ карда шуд.
“Мутаассифона, ҳанӯз ҳам ба мушоҳида мерасад, ки бархе ноболиғон вақти пурқимати худро беҳуда, дар марказҳои бозиҳои компютерӣ мегузаронанд”, - зикр намудааст масъулини ВУД Тоҷикистон.