ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин номзадии нахуствазири Русияро пешбарӣ кард. Михил Мишустин бо пешбарии раисҷумҳур метавонад раиси нави Ҳукумати Русия шавад.
Мишустин то имрӯз симати роҳбари Хадамоти андози Русияро дошт.
Ёдрас мешавем, имрӯз ҳукумати Русия, аз ҷумла нахуствазири кишвар Дмитрий Медведев истеъфо дод. Ҳамчунин, тамоми узви кабинаи вазирон низ бояд ваколатҳояшро аз дӯш гузоранд.
Ҷонишин: Путин ба Медведев мансаби нав пешниҳод кард-видео
Ёдрас мешавем, имрӯз, 15 январ Дмитрий Медведев пас аз чанд соати паёми солонаи раисҷумҳури Русия ба Маҷлиси федеролӣ истеъфо дод.
Дар ҳамин ҳол, бино бар фармони Путин, муваққатан худи Медведев иҷрокунандаи вазифаи нахуствазири Русия аст.
Михаил Владимирович Мишустин 3 марти соли 1966 дар Маскав таваллуд шудааст.
Соли 1989 донишгоҳ ва соли 1992 аспирантураро хатм кардааст.