"Онҳо амрикоиҳоро дӯст медоранд": Трамп аз эътирозгарони Эрон ҷонибдорӣ кард - навор

Обуна шудан
Раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп аз тазоҳуроти мардум дар Эрон ҷонибдорӣ карда афзудааст, ки мардуми Эрон амрикоиҳо ва худи ӯро дӯст медоранд

Доналд Трамп ҳангоми баромади худ дар шаҳри Милуоки аёлати Висконсин аз шаҳрвандони норизои Эрон, ки дар кишварашон даст ба тазоҳурот заданд, пуштибонӣ кардааст.

"Мебинед, ки Эрон чӣ рӯзҳое паси сар мекунад? Бори нахуст шаҳрвандони он кишвар ҷонибдори давлати мо ҳастанд. Онҳо Трамп ва амрикоиҳоро дӯст медоранд", - изҳор намудаст раисҷумҳури Амрико.

Дар Эрон пас аз сарнагун шудани ҳавопаймои украинӣ, садҳо нафар барои ибрози нигаронии худ ба кӯчаҳо рехтанд. Чун ҳукумати Эрон ва худи раисҷумҳури ин кишвар Ҳасан Рӯҳонӣ ба таври расмӣ тасдиқ намуд, ки ҳавопаймои мазкурро низомиёни Эрон иштибоҳан ҳадафи ҳамла қарор доданд ва онро сарнагун намуданд.

Муноқишаи ИМА ва Эрон: кӯшиши Вашингтон барои нигоҳ доштани нуфузаш дар Шарқи Наздик - YouTube - Sputnik Тоҷикистон
 Муноқишаи ИМА ва Эрон: кӯшиши Вашингтон барои нигоҳ доштани нуфузаш дар Шарқи Наздик

Ҳасан Рӯҳонӣ аз хешу пайвандони қурбониён пӯзиш пурсид ва ваъда дод, ки дастандаркорони ин ҳодисаи даҳшатбор ҳатман муҷозот мешаванд.

Шэрон Стоун Путинро таърифу Трампро танқид кард

Дар робита ба ин, шаҳрвандони бахашмомадаи Эрон даст ба тазоҳурот заданд ва аз сиёсати пешгирифтаи Эрон амиқан изҳори нигаронӣ намудаанд.

Зимнан, Доналд Трамп аз он изҳори хушнудӣ намудаст, ки эътирозгарони Эрон дар ҷараёни тазоҳурот парчами амрикоро зери по накарданд ва ба мисли мардуми Амрико хостори озод зиндагӣ намуданро, талаб кардаанд.

Лентаи хабарҳо
0