Ҳушдори обуҳавошиносон аз фаромадани тарма дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон

© пресс-служба КЧС РТПроезд через засыпную снегом дорогу, архивное фото
Проезд через засыпную снегом дорогу, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маркази обуҳавосанҷии Тоҷикистон ҳушдор додааст, ки обуҳаво дар ҷумҳурӣ қисман абрнок шуда санаи 14-15 январ дар хамиҳои ҷанубии қаторкўҳҳои Ҳисор, ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии ноҳияҳои тобеи марказ ва ноҳияҳои ғарбии ВМКБ фаромадани зуҳуроти тарма дар назар аст

ДУШАНБЕ, 14 янв — Sputnik. Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар  шаҳри Душанбе  ҳаво қисман абрнок шуда, ҳаво шабона 4-6 дараҷа хунук ва  рӯзона 3+5 дараҷа гарм мешавад.

Кружка с горячим напитком, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дар ВМКБ сардшавии ҳаво дар назар аст: обу ҳавои имрӯз дар Тоҷикистон

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ низ ҳаво қисман абрнок шуда, дар водиҳо шабона ва саҳар барфи суст меборад. Дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Ҳаво  дар водиҳо  шабона 2-7 дараҷа хунук ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 8+13 ва  рӯзона 1-6 дараҷа хунук  мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида барф меборад. Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона  8-13 ва рӯзона 0-5  дараҷа хунук  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона  18-23 ва рӯзона 3-8 дараҷа хунук мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд қисман абрнок шуда, рӯзона ҳавои бебориш дар назар аст.  Дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 дараҷа хунук ва рӯзона 0-5 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 11-16 ва   рӯзона 2-7 дараҷа хунук мешавад.

Дар вилояти Хатлон   ҳавои абрнок дар назар буда, шабона ва саҳар дар баъзе ноҳияҳо барфи суст меборад. Рӯзона ҳавои  бе бориш мешавад. Дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо ҳаво шабона 3-8 дараҷа хунук ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 5-10 дараҷа хунук ва рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0