Ҳафтаи гузашта шоҳзода Гаррӣ ва ҳамсари ӯ Меган Маркл эълом намуданд, ки аз мақоми аъзои хонаводаи шоҳигарӣ будан, даст мекашанд.
Ҳамчунин шоҳзода изҳор намудаст, ки аз тамоми имкониятҳое, ки ин хонаводаи мӯътабар бархӯрдоранд, даст мекашад.
Бояд гуфт, ки тасмими гирифтаи шоҳзода Гаррӣ дар таърихи хонаводаи онҳо бесобиқа аст.
Зимнан, пас аз эълони тасмими мазкур Малика Елизавет II шӯрои фавриро таъсис дод, то вазифаҳои ҷадиди шоҳзода Гаррӣ ва Меган Марклро муайян намоянд.
Гуфта мешавад, Малика Елизавет II пас аз анҷоми шӯро, тасмими гирифтаи шоҳзода Гаррӣ ва ҳамсари ӯро ҷонибдорӣ кардааст вале изҳор намудаст, ки онҳоро аз хизматрасонии муҳофизон низ маҳрум мекунад.
Зеро, харҷи ҳифозати шабонарӯзии онҳо ба 80 миллион рубл баробар аст.
Интизор меравад, дар ояндаи наздик ҷойгузини онҳо муайян мегардад.