Ҳодиса дар шаҳри Синини Чин рух додааст. Тавре дар навор дида мешавад, дар наздикии истгоҳ қисме аз қитъаи роҳ фурӯ меравад, ки дар натиҷа автобус бо мусофиронаш низ чаппа мешаванд.
Тавре дар навор дида мешавад, аввал автобус ба истгоҳ таваққуф мекунад ва қисме аз мусофирон аз он берун мешаванд. Вақте он ба ҳаракат медарояд, ҳодисаи ғайричшмдошт рух медиҳад.
Фалокат зери по: навори сӯхтори мудҳиш дар бинои навбунёди "Султони Кабир"
Дар як лаҳза нисфи автобус фурӯ меравад. Атрофиён зуд ба кӯмаки ҷабрдидагон мешитобанд. Забонаи оташ намудор мешавад.
Бино бар иттилои расонаҳо, дар натиҷаи ин ҳодисаи мудҳиш 10 нафар беномунишон гашта, 15 кас маҷрӯҳ ва 6 тан ҳалок шудаанд.
Сабабҳои ҳодиса феълан маълум нест ва таҳқиқ мешаванд.