ДУШАНБЕ, 14 янв — Sputnik. Рӯзи 13 январи соли 2020, бо фармони раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Ҷумъазода Ҷумъа Шофақир раиси ноҳияи Шуғнони ВМКБ таъин гардид.
Ҷумъазода Ҷумъа дар ин маснад Азиз Гиёзодаро иваз кард, ки бо фармони роҳбари давлат аз симмати ишғолкарда худ бо сабаби ба кори дигар гузаштан ва пешбарӣ шудан ба вакилӣ аз Ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон, аз вазифа озод шуд.
Ҷумъазода Ҷумъа Шофақир кист?
Ҷумъазода Ҷумъа Шофақир 1 – уми октябри соли 1982 дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон дар оилаи коргар таваллуд шудааст.
Маълумот ва вазифаҳои ишғолкардаи ӯ
- Соли 2004 Донишгоҳи давлатии Хоруғро аз рўи ихтисоси менеҷмент ва маркетинг, соли 2006 Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи шаҳри Душанбе бо ихтисоси ҳуқуқшинос ва соли 2012 Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Русия аз рўи ихтисоси менеҷер дар соҳаи идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ ба итмом расонидааст.
- Солҳои 2004 - 2007 дар вазифаҳои мудири бахши махсуси дастгоҳи раиси ВМКБ, сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ВМКБ кор кардааст.
- Аз моҳи сентябри соли 2007 то 2010 мудири шўъбаи ислоҳоти иқтисодӣ ва сармоягузории шаҳри Хоруғ ва аз соли 2010 то моҳи сентябри соли 2012 сармутахассиси Раёсати ҳимоя ва рушди рақобати Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.
- Аз соли 2012 то моҳи майи соли 2013 мудири шўъбаи саноат, энергетика ва коммуникатсияи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ ва аз моҳи майи соли 2013 то инҷониб муовини якуми раиси шаҳри Хоруғ кор карда истодааст.
Писари Шофақир Ҷумъаев
Дар Бадахшон кам андар кам нафароне пайдо мешаванд, ки оилаи Ҷумъаевҳо барои онҳо ношинос бошад.
Зеро, замоне падари марҳуми ин хонавода Шофақир Ҷумъаев дар сохторҳои калидии ин вилоят ифои вазифа мекард. Марҳум аз мудирӣ дар совхоз сар карда то роҳбари идораи хоҷагиҳои кишоварзӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фаъолият кард.
Гузашта аз ин, аз соли 2000 то 2005 Шофақир Ҷумъаев котиби байнипарлумонии Ассамблеяи кишварҳои ИДМ буд.
Пеш аз тағйироти кадрӣ: раиси ноҳия номзад шуд
Зимнан, соли 1994 ба фармони Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон, Шофақир Ҷумъаев раиси ноҳияи Шуғнони ВМКБ таъин гардид ва то охири умр дар ин симмат фаъолият мекард. Марҳум 6 - уми октябри соли 2006 бар асари сактаи қалб даргузашт.
Бародари Далер Ҷумъаев
Раиси тозатаъини ноҳияи Шуғнон бародари Далер Ҷумъаев мудири ширкати "Помир- Энержӣ" мебошад. Далер Ҷумъаев хатмкардаи чандин донишгоҳ ва донишкадаҳои дохилу хориҷӣ кишвар аст. Ӯ ҳамзамон фориғултаҳсили донишгоҳи бонуфузи Ҳарвард мебошад. Далер Ҷумъаев сар аз соли 2007 то ҳол мудирияти ширкати "Помир Энержи"- ро бар ӯҳда дорад.
Вазъи оилавӣ
Ҷумъазода Ҷумъа оиладор буда, соҳиби се фарзанд аст. Ногуфта намонад, ки раиси феълии ноҳияи Шуғнон ҳамзамон вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ва инчунин вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хоруғ даъвати панҷум мебошад.