ДУШАНБЕ, 13 янв — Sputnik. Акбар Шарифӣ, сухангӯи РВКД дар вилояти Суғд бо тасдиқи ин хабар дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, Ғаниев барои фиреби назари мардум дар баргузор кардани консерти дурӯғини гуё бо иштироки Юлдуз Усмонова ҷавобгар шудааст.
“Тафтишоти ин парвандаро алайҳи Саидҷон Ғаниев, мақомоти милитсияи шаҳри Истаравшан пеш мебрад”, -афзуд Шарифӣ.
Тӯҳфа дар рӯзи мавлуд: ба Юлдуз Усмонова мошини BMW X7 ҳадя карданд
Аз чунин фиреби назари баргузоркунандаи консерт, мардум дар толор зуд огаҳӣ ёфтаанд, вале он замон Ғаниев сабаби иштирок надоштани Усмоноваи ҳақиқиро шарҳ надода, ғайб зада буд.
Бино ба гуфтаи Акбар Шарифӣ, парванда алайҳи Ғаниев бар асоси моддаи 247 қисми 2 (қаллобӣ) и асноди ҷиноии Тоҷикистон оғоз карда шудааст.
Ахиран, Юлдуз Усмонова, ҳунарманди машҳури узбакистонӣ 25 сентябри соли 2019 бо даъвати мақомоти Хуҷанд дар шаҳри мазкур ҳунарнамоӣ карда буд.