https://sputnik.tj/20200113/Khatzanii-qarzho-qarori-hukumat-baroi-dastgirii-Barqi-tojik-1030531201.html
Хатзании қарзҳо: қарори Ҳукумат барои дастгирии “Барқи тоҷик”
Хатзании қарзҳо: қарори Ҳукумат барои дастгирии “Барқи тоҷик”
Sputnik Тоҷикистон
Ҳукумати Тоҷикистон қарор кардааст, ки барои коҳиши қарзи "Барқи тоҷик" аз нерӯгоҳи "Сангтӯда-1", қарзи нерӯгоҳ аз андоз, ки то моҳи ноябри соли 2019 ташаккул... 13.01.2020, Sputnik Тоҷикистон
2020-01-13T14:34+0500
2020-01-13T14:34+0500
2021-04-19T16:38+0500
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101397/52/1013975272_0:0:4288:2412_1920x0_80_0_0_8596f8c0c825d490b71a0bb00913e61f.jpg
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2020
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101397/52/1013975272_0:0:3797:2848_1920x0_80_0_0_2bff13b9389cd5376f39ef6f672c13f3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, энергетика, барқ, "барқи тоҷик", дар тоҷикистон
ҳамаи хабарҳо, энергетика, барқ, "барқи тоҷик", дар тоҷикистон
Хатзании қарзҳо: қарори Ҳукумат барои дастгирии “Барқи тоҷик”
14:34 13.01.2020 (Навсозишуда: 16:38 19.04.2021) Ҳукумати Тоҷикистон қарор кардааст, ки барои коҳиши қарзи "Барқи тоҷик" аз нерӯгоҳи "Сангтӯда-1", қарзи нерӯгоҳ аз андоз, ки то моҳи ноябри соли 2019 ташаккул ёфтааст, лағв шавад
ДУШАНБЕ, 13 янв — Sputnik. Тибқи қарори Ҳукумат, қарзи "Барқи тоҷик" дар назди "Сангтӯда-1" ба андозаи 98 миллиону 472 ҳазор сомонӣ коҳиш дода мешавад. Бо ин мақсад 98 миллиону 472 ҳазор сомонӣ, "Сангтӯда-1" аз андоз қарздор аст, лағв мегардад.
Ҳукумат "Барқи тоҷик" ва Кумитаи андози Тоҷикистонро муваззаф кардааст, ки расмиёти марбут ба ҳисобаробаркуниҳоро анҷом диҳанд.
Нерӯгоҳи "Сангтӯда-1", корхонаи муштараки Русия ва Тоҷикистон буда, ҳудуди 12 дарсади барқи Тоҷикистонро тавлид мекунад ва харидори асосии маҳсулоти нерӯгоҳ "Барқи тоҷик" мебошад.
Қарзҳои корхонаҳои Тоҷикистон баробар ба ду буҷаи кишвар расид
Ба ҳолати имрӯз “Сангтӯда-1” ҳаҷми қарзи “Барқи тоҷик”-ро аз нерӯгоҳ 1 миллиарду 301 миллион сомонӣ арзёбӣ кардааст.
“Барқи тоҷик”, калонтарин ширкати қарздори Тоҷикистон мебошад, ҳаҷми қарзҳояш ба ҳолати 1 январи соли гузашта 23 миллиард сомониро ташкил медод.