ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputniк. Раисҷумҳури Украна Владимир Зеленский пас аз суқути ҳавопаймои украинӣ дар Теҳрон, зимни як муроҷиати видеоӣ ба мардуми кишвараш муроҷиат намудаст:
"Мардуми шарифи Украина. Дар ин рӯзҳои бисёр душвор барои ҳар яки мо, ба шумо қавл медиҳам, ки ҳамаи қурбониёнро ба хешу пайвандони онҳо бармегардонам.... Мо хотираи онҳоро ба таври лозима пос медорем. Дастандаркорон ҳатман муҷозот мешаванд. Ман қавл медиҳам, ки на танҳо эҳсоси амну адолатро ба шумо бармегардонам, балки шуморо бовар мекунонам, ки дар кадом гӯшаи дунё, ки набошед, Украина шуморо ҳамеша муҳофизат мекунад", - изҳор доштаст Зеленский дар муроҷиати видеоӣ ба мардуми кишвараш.
Ёдовар мешавем, ки ҳавопаймои Boeing-737- и украинӣ субҳи 8 – уми январ дар Эрон суқут кард.
Ҳавопаймо аз фурудгоҳи байналмилалии Теҳрон ба ҳаво бархост, вале бо гузашти ҳамагӣ 4 дақиқа аз родар нопадид ва суқут кард, ки дар натиҷа дасти кам 176 нафар, 168 сарнишин ва 9 халабони ҳавопаймо ба ҳалокат расиданд.
Маълум гардид, ки савори ин ҳавопаймо шаҳрвандони 7 кишвар аз қабили Эрон, Украина, Канада, Шветсария, Афғонистон, Британияи Кабир ва Олмон буданд.
"Хатои инсонӣ": Эрон иқрор шуд, ки ҳавопаймои Украинаро тасодуфан задааст
Зимнан, раисҷумҳури Эрон дар тамоси телефонӣ аз кишвардори Украина Владимир Зеленский расман аз мардуми ин кишвар барои суқути ҳавопаймои Boeing-737 пӯзиш пурсид ва ба наздикони қурбониёни ин ҳодисаи даҳшатбор изҳори ҳамдардӣ кардааст.
Зимнан, Ҳасани Рӯҳонӣ зимни сӯҳбат ба Владимир Зеленский ваъдо додааст, ки дастандаркорони ин ҳодисаи даҳшатбор ҳатман ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Гузашта аз ин, Рӯҳонӣ қавл додаст, ки барои таҳқиқи мунсифонаи ин ҳаводис ба Украина ҳамаҷониба кӯмак хоҳад кард.
Ҳамчунин ҷуброни ин зарари калонҳаҷм ба Украинаро низ ҷониби Эрон ба зимма гирифтаст.