Қоҳир Расулзода ба соҳибкорони Хатлон туҳфаҳо тақдим кард

© Sputnik / Амир ИсаевПремьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода
Премьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Соҳибкорон барои саҳмашон дар бунёди майдончаҳои варзишӣ, марказҳои саломатӣ, иншооти иҷтимоӣ ва таъмири муассисаҳои таълимӣ мукофотонида шудаанд

ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputniк. Дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон барои соли 2019, ҷаласаи корӣ баргузор гардид.

Бино ба гузориши мақомоти вилояти Хатлон, дар ҷаласа роҳбарони вазорату идораҳои мамлакат, муовинони раиси вилояти Хатлон, роҳбарони шаҳру ноҳияҳо, инчунин ташкилоту корхонаҳо ширкат карданд.

Спортзал в лицее №3 в городе Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Дар Хатлон 561 иншооти варзишӣ бунёд мешаванд

Зимни ҷаласа муовини раиси вилояти Хатлон Раҷабалӣ Раҷабов дар бораи вазъи иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон гузориш дода, зикр намудааст, ки соли 2019 дар тамоми соҳаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон нишондодҳои мусбат ба даст омаданд. Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2016-2020 98% таъмин карда шуд.

Бо дастгирии Ҳукумат дар соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии вилоят ба маблағи 469 миллион доллар дар шаҳру ноҳияҳои он 30 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ татбиқ шуда истодаанд.

Гардиши савдои хориҷии вилоят 404,5 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 36,4 миллион доллар зиёд мебошад. Дар гардиши савдои хориҷӣ содирот 46% ва воридот 54%-ро ташкил дод. Ҳиссаи нахи пахта дар содироти молҳо 23%, калобаҳои ресандагӣ 21%, семент 15% ва неруи барқ ​​34%-ро ташкил дод.

Соли гузашта содироти мол асосан ба Русия, Узбакистон, Афғонистон, Туркия, Чин ва Покистон сурат гирифт.

Баъдан Қоҳир Расулзода сухан карда, муҳимияти чорабиниҳои бахшида ба таҷлили сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳуриро махсус таъкид намудааст.

Сипас, натиҷаҳои озмуни «Созандаи Ватан», ки бо Қарори раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода аз соли 2019 то 2021 дар вилояти Хатлон гузаронида мешавад, ҷамъбаст гардидааст.

Дар ҷаласа ҳамчунин чорабиниҳо доир ба омодагӣ ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон баррасӣ шудаанд.

Сарвазир ба соҳибкорони фаъоли шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар фазои тантанавӣ туҳфаҳои хотиравии раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзодаро тақдим намудааст.

Манбаъ афзуда, ки ғолибони озмуни «Созандаи Ватан» барои саҳмашон дар бунёди майдончаҳои варзишӣ, марказҳои саломатӣ, иншооти иҷтимоӣ ва таъмири муассисаҳои таълимӣ мукофотонида шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0