Мақоми аввали корманди Ҷамъияти Dе Pamiri дар озмуни Кумитаи сайёҳӣ - акс

© Аз мақомоти ВМКБМаросими ҷоизасупорӣ дар соҳаи сайёҳӣ
Маросими ҷоизасупорӣ дар соҳаи сайёҳӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Корманди Ҷамъияти Dе Pamiri дар озмуни ҷумҳуриявии Кумитаи сайёҳии Тоҷикистон соҳиби ҷойи аввал ва мукофоти олӣ гардид

ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Бердова Зуҳро-корманди Ҷамъияти Dе Pamiri дар озмуни ҷумҳуриявии "Истеҳсоли маҳсулоти сайёҳӣ ва армуғони беҳтарин барои сайёҳон" - Кумитаи сайёҳии Тоҷикистон соҳиби ҷойи аввал ва Ҷоми кумита шуд.

Дар ин бора хадамоти матбуотии мақомоти ВМКБ хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки Бердова дар бахши беҳтарин армуғон ҷойи аввалро соҳиб шудааст.

"Корманди ташкилоти Ҷамьиятии Де-Памири(Dе Pamiri) Бердова Зуҳро дар шаҳри Душанбе, дар маросими ҷоизасупории армуғони беҳтарин сазовори ҷойи аввал, диплом ва ҷоми Кумитаи рушди сайёхии назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон гардид", - омадааст дар хабарнома.

Хуҷанд: Мавҷуда Ҳакимова барои сайёҳон беҳтарин армуғон омода кард

Озмуни мазкур ҷиҳати таъмини иҷрои иқдоми Президент ҷиҳати эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" ва қарори раиси вилояти Суғд аз 15 феврали соли 2019, №72, қарори Раиси шаҳр аз 06 майи соли 2019, №328 "Дар бораи гузаронидани озмуни шаҳрӣ дар байни ҳунармандон оид ба истеҳсоли маҳсулоти сайёҳӣ ва армуғони беҳтарин барои сайёҳон" рӯйи кор омадааст.

Лентаи хабарҳо
0