ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, аз 82 вакили анҷуман зимни овоздиҳӣ 79 нафар ба ҷонибдории Гангвон, ки ягона номзад буд, овоз доданд.
Манбаъ афзуд, қарордод бо шаҳри мизбон миёни КБО ва “Гангвон-2024” ба имзо расид.
Ҷои баргузории мусобиқот Пйонгчанг ва Гангнунг, ки соли 2018 Бозиҳои олимпии зимистонаро қабул карда буданд, қабул шудааст. Иштирокчиён дар Донишгоҳи Гангнунг-Вонҷу ҷой карда хоҳанд шуд.
Нахустин мусобиқаи футзал дар Душанбе баргузор мегардад
Кумитаи миллии олимпӣ зикр намудаст, ки 3-юмин Бозиҳои олимпии зимистонаи наврасон имрӯзҳо дар Лозаннаи Швейтсария ҷараён дорад. Дар бозиҳо 1872 варзишгар аз 79 давлат иштирок доранд.