Пули ҳаҷашро хайр кард: соҳибкор барои ҳамдеҳагонаш бунгоҳи тиббӣ сохт

© Минздрав РТПредприниматель за деньги которые копил на Хадж построил медпунк
Предприниматель за деньги которые копил на Хадж построил медпунк - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Соҳибкоре дар деҳаи Паткуноби ҷамоати деҳоти Қалъаихумби ноҳияи Дарвоз бунгоҳи муосири тиббӣ бунёд кард

ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputniк. Бунгоҳи тиббиро дар деҳаи Паткуноби ҷамоати деҳоти Қалъаихумби ноҳияи Дарвоз соҳибкори маҳаллӣ Субҳониддин Садриддин аз ҳисоби буҷаи хонаводаи худ бунёд кардааст, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Вазорати тандурустии кишвар.

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ва Нурбибӣ Ҳоҷиева, сокини 84-сола аз ноҳияи Деваштич  - Sputnik Тоҷикистон
Эълони сахитаринҳои Суғд: яке-модари 84-солае, ки Ҳаҷ нарафту пул сохт

Гуфта шудааст, ки Субҳониддин Садриддин ки соли равон қасди сафари ҳаҷ дошт ва бо ин мақсад  70 ҳазор сомонӣ ҷамъ оварда буд, дар як суҳбати хонаводагӣ аҳли оилааш тасмим гирифтааст бо маблағҳои ҷамъовардааш беҳтар аст барои ҳамдеҳагонаш бунгоҳи тиббӣ бунёд намояд.

“Ман ин таклифи аъзои оиларо бо хушнудӣ қабул кардам. Дар ҳақиқат сокинони деҳаи мо ба ёрии аввалини тиббӣ сахт ниёз доранд. Баъзан барои санҷидани фишори хун ва ё эмгузаронии кӯдакон сокинони деҳа маҷбур мешуданд, ки масофаи 6 километр роҳро тай намуда, ба деҳаи ҳамсояи Дробак раванд. Акнун ин мушкилӣ паси сар шуд”, -гуфт ӯ.

Раиси ҷамоати деҳоти Қалъаихумб Шаҳригул Бодурова таъкид доштааст, ки  ин соҳибкори маҳаллӣ тасмим гирифтааст, ки дар ояндаи наздик дар канори бунгоҳи нави тиббӣ барои кӯдакону наврасони деҳа китобхона ва майдончаи варзишӣ бунёд намояд.

Лентаи хабарҳо
0