Боздошти ду сокини ноҳияи Рӯдакӣ бо иттиҳоми муомилоти шираи камол

© PixabayАрест, архивное фото
Арест, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аз ду сокини ноҳияи Рӯдакӣ 31 килограмму 71 грамм шираи камол мусодира шуд. Дар Тоҷикистон сар аз соли 2008 ҷамъоварии ин гиёҳ мамнӯъ аст

ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputniк. Кормандони Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ду сокини ноҳияи Рӯдакиро боздошт намуданд, ки дар муомилоти ғайриқонунии шираи камол гумонбар дониста мешаванд.

Цветок ферулы - Sputnik Тоҷикистон
Парвандаи ҷиноӣ алайҳи сокини Вахш барои шираи камол

Бино ба иттилои манбаъ, гумонбаршавандаҳо яке 27 ва дигари 28 сол дошта, сокинони деҳаи Сафедчашмаи ҷамоати деҳоти Эсанбойи ноҳияи мазкур мебошанд.

Манбаъ меафзояд, кормандони милитсия рӯзи 8 - уми январ дар ҳудуди деҳаи Лолазори ин ноҳия аз номбурдагон дар 2 адад зарфи пластикӣ шираи камол дарёфт намуданд.

Зимнан, Хадамоти нозироти давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ маълум намуд, ки вазни холиси маводи мусодирагардида 31 килограмму 71 граммро ташкил медиҳад.

Ду ширкат иҷозат гирифтаанд, ки то 160 тонна шираи камол ҷаъм кунанд

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, феълан аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ёдрас мешавем, содироти шираи камол аз Тоҷикистон то соли 2008 озод буд. Шаҳрвандоне, ки ба майдонҳои гиёҳи камол дастрасӣ доштанд, мустақилона онро ҷамъ оварда, тавассути тоҷирони афғонистонӣ ба хориҷа содир мекарданд.

19 сентябри соли 2008 президент Эмомалӣ Раҳмон дар бораи манъи қатъии ҷамъоварии шираи камол амр баровард ва аз он рӯз ҷамъоварӣ ва тиҷорати шираи камол дар шакли хом манъ карда шуд.

Камол ё кумот растании худрӯи кӯҳист, ки шираи пояи он дору тайёр мекунанд. Дар Тоҷикистон метавон наздики 40 намуди ин гиёҳи шифобахшро пайдо намуд.

Лентаи хабарҳо
0