Шӯҳрат ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафту террорист шуд

© ЦОС ФСБ РФ / Гузариш ба медиабонкФСБ задержали в Москве пособника террористам
ФСБ задержали в Москве пособника террористам - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Як сокини вилояти Суғд ба ҷурми ҳамдастӣ бо ДОИШ ва иштирок дар амалиётҳои ҷангии гурӯҳи террористӣ дар Сурия ва Ироқ ба мӯҳлати тӯлонӣ равонаи зиндон шуд

 ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. Тавре Додгоҳи олии Тоҷикистон хабар медиҳад, як сокини вилояти Суғд ба ҷурми иштирок дар амалиёти ҷангӣ дар хориҷ ба 14 сол аз озодӣ маҳрум гардидааст.

"Сокини 31-солаи ноҳияи Спитамени вилояти Суғд Шӯҳрат Сатимовро додгоҳ бо моддаи 401 (зархарид) муҷрим шинохт", - омадааст дар иттилои манбаъ.
Кадры с места нападения на погранзаставу на таджикско-узбекской границе - Sputnik Тоҷикистон
Президент қатли марзбонҳои тоҷикро кори “ДОИШ” хонд

Гуфта мешавад, Сатимов мӯҳлати ҷазоро дар муассисаи ислоҳии низомаш сангин адо хоҳад кард.

Бино бар иттилои тафтишот, Сатимов соли 2013 ба муҳоҷрати меҳнатӣ ба Русия рафта, ба воситаи интернет ба гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" (мамнӯъ дар Русия ва Тоҷикистон) пайвастааст.

Шӯҳрат сипас ба Туркия ва Ироқу Сурия рафта, дар амалиёти ҷангӣ иштирок кардааст.

Патрушев аз хатари ҳамлаи ҷангиёни ДОИШ ба хоки Тоҷикистон ҳушдор дод

Пештар, котиби Шӯрои Амнияти Русия Николай Патрушев аз хатари ҳамлаи ҷангандаҳои ДОИШ ба Осиёи Марказӣ ҳушдор дода буд.

"Кӯшиши асосии доишиҳо пурқувват кардани ҳузури худ дар шимоли Афғонистон аст. Феълан шумораи онҳо дар ин кишвар марзи 2 ҳазор нафарро убур намудаст. Ҷангиёни ДОИШ тасмим доранд барои ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ворид шудан майдони мувофиқи ҳарбиро барои худ омода мекунанд", - изҳор намудаст Патрушев.

Котиби Шӯрои амнияти Русия илова намудаст, ки ҳадафи асосии ҷангиёни ин созмони мамнӯъ созмон додани давлати Хуросони Бузург, ки ба тобеияти он Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ шомил мегарданд.

Лентаи хабарҳо
0