Ду фарзияи коршинос дар бораи сабаби суқути ҳавопаймо дар Эрон

© AFP 2023На месте крушения самолета в Иране
На месте крушения самолета в Иране - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Коршиноси рус Армен Гаспарян бар он аст, ки танишҳои байни Амрико ва Эрон метавонанд ба ҷанги севуми ҷаҳон оварда расонанд

Коршиноси рус, рӯзноманигор Армен Гаспарян ба радиои Sputnik ду фарзияи асосии суқути ҳавопаймо дар Эронро тавзеҳ дод ва афзуд, ки танишҳои Эрону Амрико метавонанд ба ҷанги севуми ҷаҳон оварда расонанд.

"Шабе, ки ҳавопаймо суқут кард, шаби нохуше буд. Ҳодиса пайомадҳои бади зиёде дорад. Ҳам суқути ҳавопаймои Украина, ҳам посухи Эрон ва ҳам интизории аксуаламали Амрико нигаронкунандаанд", - мегӯяд вай.

"Случайностей не бывает": Гаспарян о крушении украинского самолета в Тегеране

Ба гуфтаи вай, ҳавопаймо ҳанӯз дар ҳаво оташ гирифта, ба замин сарозер гардид. Чунин ҳолат танҳо бо ду сабаб метавонад ба миён ояд: ё теракт дар дохил, ё  дар натиҷаи ҳамлаи ҳавоӣ.

"Агар теракт мебуд, ҳавопаймо ҳанӯз дар боло метаркид. Ин ҷо норӯшаниҳои зиёде ҳастанд, ки то дер баррасӣ хоҳанд шуд , - меафзояд вай.

Гаспарян дар бораи ҳамлаҳои Амрико дар Ироқ мегӯяд, ки идомаи танишҳои Амрикову Эрон метавонанд ба ҷанги севуми ҷаҳон ва натиҷаҳои пешгӯинашаванда оварда расонанд.

"Умеворам, сиёсатмадорони амрикоӣ дарк мекунанд, ки онҳо хато карданд", - меафзояд коршиноси рус.

Ёдрас мешавмем, ки расонаҳои Эрон хабар доданд, ки  сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ бо ҳадаф қарор додани пойгоҳи низомиёни амрикоии Айнуласад дар Ироқ, ба амалиёти ҷинояткорона ва террористии нируҳои амрикоӣ дар террори генерал  Қосими Сулаймонӣ , посухи қотеъ дод.

Пойгоҳи низомие, ки ба он Эрон мушак андохтааст, “Айн Ал-Асад” буда, дар ғарби Ироқ воқеъ мебошад.

Хабаргузории “Press TV” хабар медиҳад, Теҳрон масъулияти ҳамлаи мушакиро бар дӯш гирифтааст.

Лентаи хабарҳо
0