ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. Раисҷумҳури Украина Владимир Зеленский имрӯз дар робита ба суқути ҳавопаймои украинӣ дар Теҳрон рӯзи мотам эълон намудаст, хабар медиҳад котиботи раисҷумҳури ин кишвар дар шабакаи иҷтимоии Facebook.
"Владимир Зеленский 9 январро дар Украина бинобар суқути ҳавопаймои Boeing 737-800 рӯзи мотам эълон кард", - омадааст дар хабар.
Дар ин рӯз парчамҳои давлатӣ дар ҳама ҷо паст карда шуда, баргузор намудани ҳамагуна чорабиниҳои фарҳангӣ - фароғатӣ манъ карда шудаст.
Ёдрас мешавем, субҳи 8 январ дар наздикии Теҳрон дар пайи суқути ҳавопаймои Boeing-737 Киев-Теҳрон бештар аз 180 нафар ба ҳалокат расиданд. Ҳавопаймо ба ширкати украинӣ тааллуқ дошт ва бештари мусофирон шаҳрвандони Эрон буданд.
Путин ба Зеленский изҳори ҳамдардӣ кард
Пештар раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ ба сарони Украина ва Эрон барқияи таслият ирсол карда буд.