Тарма дар Рашт ҷони ҷавони 20-соларо гирифт

Обуна шудан
Кумитаи ҳолаҳои фавқулодаи Тоҷикистон мегӯяд, рӯзи 7 январ як сокини ноҳияи Рашт зери тарма мондааст

ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. Ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, сокини 20 - солаи деҳаи Сиполинги ноҳияи Рашт ҳангоми ба самти чапи деҳа рафтан зери тарма дармондаст.

Грузовой автомобиль расчищает дорогу от снега в Таджикистане  - Sputnik Тоҷикистон
Эҳтиёт кунед: ҳушдори КҲФ Тоҷикистон аз бориши барф ва яхбандӣ дар роҳҳои кӯҳии кишвар

Гуфта мешавад, замоне, ки ӯро аз зери ғарами барф берун оварданд, зинда буд, вале ҳангоми ба бемористони деҳоти Ҳоит интиқол додан, ба ҳалокат расид.

Манбаъ меафзояд, ки ин аввалин қурбонии тарма дар соли 2020 аст.

Аз ин пештар кормандони наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода  якҷо бо кормандони ширкати IRS се корманди зери ғарами барф мондаи ин ширкатро бе ягон осеб берун оварда буданд.

“IRS”: бехатарии ронанда муҳимтар аст, дар сурати зарурӣ роҳи Душанбе-Чаноқ баста мешавад

Зимнан, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҳушдор медиҳад, ки сокинон бояд дар рӯзҳои ҳавои номусоид анҷоми ҳар гуна корҳои саҳро, ғунучини ҳезум, шикор ва ғайраро мавқуф гузоранд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 2-юми январ бинобар фаромадани якчанд тарма ҳаракати нақлиёт тариқи роҳи Душанбе - Хуҷанд масдуд буд. 

Рафтуомади нақлиёт тариқи ин роҳ рӯзи 6-уми январ имконпазир шуд.

Лентаи хабарҳо
0