Бунгоҳи тиббӣ сохту варзишгоҳу китобхона месозад: хайри соҳибкор дар Дарвоз

© дафтари матбуоти раисиҷумҳури ТоҷикистонИфтитоҳи сутунпояи Парчам ва Нишони давлатӣ дар ноҳияи Дарвоз
Ифтитоҳи сутунпояи Парчам ва Нишони давлатӣ дар ноҳияи Дарвоз - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Соҳибкор Субҳониддин Садриддин дар деҳаи Паткуноби ҷамоати деҳоти Қалъаихумби ноҳияи Дарвоз бунгоҳи тиббӣ бунёд кардааст

ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. Субҳониддин Садриддин изҳор дошт, ки соли равон қасди сафари ҳаҷ дошт ва бо ин мақсад  70 ҳазор сомонӣ ҷамъ оварда буд, аммо дар пайи суҳбат бо хонаводааш тасмим гирифтанд бо ин маблағ бунгоҳи тиббӣ бунёд намояд.

Куда бы ни ехал таджик на заработки - он вернётся строить свой дом, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Бо навбат: пешниҳоди Президент барои хонасозӣ ба камбағалон аз пули фитру қурбонӣ

“Ман ин таклифи аъзои оиларо бо хушнудӣ қабул кардам. Дар ҳақиқат сокинони деҳаи мо ба ёрии аввалини тиббӣ сахт ниёз доранд. Баъзан барои санҷидани фишори хун ва ё эмгузаронии кӯдакон сокинони деҳа маҷбур мешуданд, ки масофаи 6 километр роҳро тай намуда, ба деҳаи ҳамсояи Дробак раванд. Акнун ин мушкилӣ паси сар шуд”, - хабар дод “Ховар” аз қавли Субҳониддин Садриддин.

Деҳаи Паткуноб бо истироҳатгоҳи “Чорчаман”-и худ дар байни сокинони мамлакат маъруф аст.

Шаҳригул Бодурова, раиси ҷамоати деҳоти Қалъаихумб, изҳор доштааст, ки ин соҳибкори маҳаллӣ тасмим гирифтааст, дар ояндаи наздик дар канори бунгоҳи нави тиббӣ барои кӯдакону наврасони деҳа китобхона ва майдончаи варзишӣ бунёд намояд.

Лентаи хабарҳо
0