Суқути ҳавопаймои Украина дар Теҳрон: 180 мусофир ба ҳалокат расид - видео

© AFPКрушение украинского самолета в Иране
Крушение украинского самолета в Иране - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳавопаймои украинӣ бо 180 мусофир бинобар “мушкилоти техникӣ” дар фурудгоҳи байналмилалии Имом Хумайнии Теҳрон суқут кард

ДУШАНБЕ, 8 янв — Sputnik. Як фарванд ҳавопаймои муофирбарии мутааллиқ ба хутути ҳавоии Украина, наздики фурӯдгоҳи Имом Хумайнӣ (р)-и Теҳрон суқут кард, иттилоъ додааст хабаргузории “Parstoday”.

Ҳавопаймои украинии UIA ба шумораи  752-PS, ки бо як соат таъхир аз мақсади Теҳрон озими Киев буд, субҳи имрӯз (чоршанбе) пас аз бархостан аз фурӯдгоҳи Имом Хумайнӣ (р), дар ҳаволии шаҳри Паранд дар устони Теҳрон суқут кард.

Муҷтабо Холидӣ, сухангӯи Созмони уржонси Эрон дар гуфтугӯ бо ИРНА гуфт: Ҳавопаймои мусофирбарии Boeing 737 мутааллиқ ба хутути ҳавоии Украина, пас аз парвоз аз фурӯдгоҳи Имом Хумайнӣ (р) дучори нақзи фаннӣ шуд ва суқут кард.

Холидӣ афзуд: Ахбори аввалия ҳокӣ аст, ин ҳавопаймо, ки озими Киев, пойтахти Украина буд, 180 мусофир ва хадама доштааст.

Иттилооти такмилии ин сонеҳаи ҳавоӣ пас аз арёбии комил иттилоърасонӣ хоҳад шуд.

Лентаи хабарҳо
0