ДУШАНБЕ, 6 янв - Sputnik. Консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург тасдиқ намуд, ки дар натиҷаи бархӯрди автобус бо мошини боркаш шаҳрвандони ин кишвар ҷароҳат бардоштанд.
Ба иттилои манбаъ, дар дохили автобус ҳамагӣ 5 тоҷикистонӣ ҳузур доштанд, ки аз миёни онҳо танҳо се нафар ҷароҳат бардошта ба бемористон интиқол ёфтанд.
"Ду шаҳранди дигари Тоҷикистон дар ин садама комилан саломат ҳастанд ва ҷароҳате набардоштанд", - гуфта мешавад дар хабари консул.
Бархӯрди автобуси муҳоҷирони тоҷик бо мошини боркаш дар Тюмен: ду нафар ҷон бохтанд
Зимнан Консулгарии генералии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар робита ба ин ҳодисаи нохуш бо Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи русия дар тамос ҳастанд ва тозатарин маълумотҳоро дастрас мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки субҳи имрӯз дар километри 266-уми шоҳроҳи Тюмен – Ханти-Мансийск дар ҳудуди ноҳияи Тобол автобуси мусофирбар бо мошини боркаш бархӯрд, ки дар натиҷа ронанда ва як мусофири мошини боркаш ба ҳалокат расиданд.