Ҳушдори ҳавошиносон аз фаромадани тарма

© пресс-служба КЧС РТПроезд через засыпную снегом дорогу, архивное фото
Проезд через засыпную снегом дорогу, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, то 5 январи соли 2020 дар хамиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор дар қисмати Варзоб, Шаҳристон ва минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи марказ фаромадани тарма пешгӯӣ мешавад

ДУШАНБЕ, 4 янв — Sputnik. Ба иттилои Ожонс, дар роҳҳои нақлиётгарди минтақаҳои кӯҳӣ пайдоиши қабати барф ва яхбандӣ аз эҳтимол дур нест. Ин ниҳод афзуд, мрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борон ва барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 1-6 то 7-12 дараҷа хунук ва рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа   гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона аз 14-19 то 18 – 23 ва рӯзона аз 6-11 то 10-15 дараҷа хунук мешавад, хабар додааст “Ховар” аз қавли Ожонс.

Снегопад затруднил движение на трассе Душанбе-Чанок - Sputnik Тоҷикистон
“Пулакӣ аст, бояд 24 соат боз бошад”: эълони IRS дар бораи роҳбандӣ ва “иддаои баъзеҳо”

Манбаъ афзуд, дар вилояти Суғд ҳаво тағйирёбанда шуда, дар водиҳо борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ борон ва барф меборад. Туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 12-17  метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 3-8 дараҷа хунук ва  рӯзона  аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида шабона ва саҳар борон меборад. Дар баландиҳои зиёда аз 1 200 метр барф борида, дар ноҳияҳо туман мефарояд.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0+5 ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.

Заместитель премьер-министра Таджикистана Азим Иброхим, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистону Чин паҳлуҳои техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷро баррасӣ карданд

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, шабона ва саҳар дар водиҳо борон меборад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ бориши борону барф дар назар буда, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0+5 ва рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 3-8 дараҷа хунук ва рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, шабона ва саҳар борони кӯтоҳмуддат меборад. Рӯзона ҳавои бебориш дар назар буда, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония  мевазад. Ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 7+9 дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0