Аз Қасри миллат то Масҷиди ҷомеъ: вуруди гулу дарахтони хориҷӣ бо нархи 25 миллион сомонӣ

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевНовая мечеть в Душанбе
Новая мечеть в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Парлумони Тоҷикистон дар рӯзи охири соли 2019 гулу дарахтони хориҷиро, ки бо маблағи беш аз 25 миллион сомонӣ барои иншооти муҳими давлатӣ ворид карда шудаанд, аз пардохти боҷу андоз озод кард

ДУШАНБЕ, 4 янв — Sputnik. Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон 31 декабр тағйирот ба қонун дар бораи буҷаи соли 2019-ро қабул кард, ки бар асоси он гулу дарахт ва буттаҳои ороишии воридшуда аз пардохти боҷу андоз озод гардиданд.

Шиносоии Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ бо рафти корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ дар шаҳри Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
“Каталпа”, “клён”, “ел”, “слива”, "магнолия": Раҳмон дар назди масҷид чиро шинонд - акс

Карим Гулмуродзода, муовини вазири молияи Тоҷикистон, зимни муаррифии лоиҳа арзиши гулу буттаҳои хориҷии воридшуда барои иншооти муҳими давлатиро  25,3 миллион сомонӣ гуфта, афзуд, воридкунанда аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ба маблағи  4,6 миллион сомонӣ ва боҷи гумрукӣ  ба андозаи 2,5 миллион сомонӣ озод карда шудаст.

Гулмуродзода теъдоди гулу дарахтони воридшударо 83 ҳазору 289 адад арзёбӣ карда, иншооти муҳимро ном бурд.

Супориши раисиҷумҳур барои табдили Душанбе ба шаҳри гулҳо ва ташкили макони нави саёҳат

“Аз ҷумла, барои Маҷмааи давлатии “Қасри миллат”, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии “Маҷмӯи меҳмонхонаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Боғи миллӣ” — и Муассисаи давлатии “Маҷмӯи меҳмонхонаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, қароргоҳи беруназшаҳрии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Маркази фароғатии Хуррамшаҳр ва Қасри фарҳанги ноҳияи Данғара, Боғи Куруши Кабир, Раёсати иттифоқи “Тоҷикматлубот”, Масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Душанбе ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ҷониби Агентии захираҳои моддии давлатӣ ба миқдори 83 ҳазору 289 адад ворид карда шудааст”, - овардааст нашрияи парлумонии “Садои мардум” аз қавли Гулмуродзода.

Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ба ҷонибдории сабукӣ барои дарахту буттаҳои воридшуда овоз додаст.

Лентаи хабарҳо
0