Фаромадани нахустин тарма дар соли 2020 дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд

© Sputnik / Денис Абрамов / Гузариш ба медиабонкДорожная техника расчищает автомобильную дорогу от лавины, архивное фото
Дорожная техника расчищает автомобильную дорогу от лавины, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар километрҳои 62 ва 69 шоҳроҳи мошингарди  Душанбе-Хуҷанд, воқеъ дар қаламрави ноҳияи Варзоб бар асари бориши барфи тар тарма фаромад

ДУШАНБЕ, 2 янв — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода мегӯяд, тағйири ҳаво, сардиҳо ва резиши барфи тар ҳаракати мошинҳо дар роҳҳои баъзе манотиқи кишвар ба мушкил рӯ ба рӯ кардааст.

Бар асари бориши шадиди барф аввалин тарма дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд ба қайд гирифта шуд.

"Дар километрҳои 62 ва 69 шоҳроҳи мошингарди  Душанбе-Хуҷанд, воқеъ дар қаламрави ноҳияи Варзоб бар асари бориши барфи тар тарма фаромад. Айни замон кормандони ширкати “IRS” ва наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражадании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар дидбонгоҳи Майхура, километри 62 қарор доранд, мавзеъҳои мазкурро аз барф тоза мекунанд", - омадааст дар хабарнома.

Гуфта мешавад, ки барои таъмини амнияти ронандагон дар роҳҳо наҷортдиҳандагони воҳидҳои вокуниши сареъи Кумита навбатдории шабонарӯзӣ ба роҳ мондаанд.

Фаррух Аҳмадзода, лейтенанти хурди КҲФ Тоҷикистон соҳиби ҷоизаи “Ҷасорат ва мардонагӣ”  шуд - Sputnik Тоҷикистон
Наҷотдиҳандаи КҲФ Фаррух Аҳмадзода соҳиби ҷоизаи “Ҷасорат ва мардонагӣ” шуд

Ҳушдори КҲФ: сафарҳои безарурат накунед, барфу борон ва хатари тарма дар роҳҳо

Дар иртибот ба тағйири обу ҳаво, фаро арсидани сардиҳо, бориши барф, вазиши бодҳои сарду сахт Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз сокинон ва меҳмонони кишвар хоҳиш мекунад, ки аз сафарҳои безарурат ба минтақаҳои тармахез, роҳҳои дуҳворгузари кӯҳӣ худдорӣ намоянд.

Ин ниҳод аз ронандагон хоҳиш мекунад, беш аз ҳар вақт эҳтиёткор бошанд ва ҷони худу ҳамсафарони худро дар хатар наандозанд.

Лентаи хабарҳо
0