Ҳушдори КҲФ: сафарҳои безарурат накунед, барфу борон ва хатари тарма дар роҳҳо

© Фото : пресс-служба КЧС РТРасчистка дороги после снежной лавины, архивное фото
Расчистка дороги после снежной лавины, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бино ба маълумоти фаврии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда шаби гузашта дар манотиқи гуногуни ВМКБ, вилояти Суғд, вилояти Хатлон, минтақаи Рашт барф ва дар ноҳияҳои тобеъи марказ, Кушониён, Бохтар, Ёвон, Абдураҳмони Ҷомӣ ва шаҳри Душанбе борон борид

ДУШАНБЕ, 31 дек — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон эълон намудааст, ки аз 31 декабри соли равон дамои ҳаво тағйир меёбад, дар кулли манотиқи кишвар борон, дар ноҳияҳои кӯҳӣ барфи тар меборад. 

Манбаъ таъкид намудааст, ки шаби гузашта дар ноҳияҳои Ишкошим, Шуғнон, Роштқалъаи ВМКБ, Истаравшани вилояти Суғд, Ховалинги вилояти Хатлон, минтақаи Рашт барф ва дар ноҳияҳои тобеъи марказ, Кушониён, Бохтар, Ёвон, Абдураҳмони Ҷомӣ ва шаҳри Душанбе борон борид. Боқӣ дар ҳама нукоти кишвар ҳаво абриву сард буд.  

“Дар роҳҳои мошингарди Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Лахш, Душанбе-Сангвор, Душанбе-Хоруғ, Хоруғ-Ишкошим, Хоруғ-Мурғоб  яхбандӣ, ҷо-ҷо барфтӯдаҳо мушоҳида хоҳад шуд. Дар ин роҳҳо ҳамчунин хавфи лағзиши тарма вуҷуд дорад, ки ин ҳаракати мошинҳо ва одамонро хатарнок мекунад”, - зикр намудааст КҲФ Тоҷикистон. 

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон бори дигар аз ҳамаи сокинон ва меҳмонони кишвар хоҳиш намудааст, ки аз сафарҳои безарурат ба минтақаҳои хавфнок худдорӣ намоянд ва агар ин гуна сафарҳо ногузир бошанд, пас бояд хеле эҳтиёт кунанд.

“Ронандагон ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ ва ё роҳҳое, ки хатари лағзиши тарма доранд, масофаро ҷиддан риоя кунанд”, - қайд намудааст КҲФ Тоҷикистон.

Лентаи хабарҳо
0