ДУШАНБЕ, 31 дек — Sputnik. Ба нақл аз ИРНО, Муҷиб Халватгар, раиси Ниҳоди ҳимояткунандаи расонаҳои озоди Афғонистон рӯзи якшанбе дар нишасти матбуотӣ дар Кобул гуфт, имсол 115 маврид хушунат алайҳи хабарнигорон сабт шудааст.
Духтарони Афғонистон ба иллати ҷангу ноамнӣ аз таҳсил дур монданд
Вай афзуд, қатл, зарбу ҷарҳи хабарнигорон, мушкили молии расонаҳо ва дастрасӣ наёфтан ба иттилоот аз муҳимтарин чолишҳоест, ки хабарнигорон дар Афғонистон бо он ру ба ру ҳастанд.
Халватгар гуфт, дар соли гузашта мардуми Афғонистон шоҳиди 20 мавриди қатли кормандони расонаӣ буданд, аммо имсол ин рақам ба 10 маврид коҳиш ёфтааст.
Ҳушдори мақомоти Афғонистон аз мавҷи нави муҳоҷират аз ин кишвар
Соли гузашта Афғонистон бадтарин кишвар барои амнияти хабарнигорон буд, ки дар он 20 хабарнигори афғон ҳадафи ҳамалоти террористӣ қарор гирифта ва кушта шуданд.