Суғд: воридоти маҳсулот нисбат ба содирот дар вилоят беш аз се баробарро ташкил медиҳад

© © Sputnik / Амир ИсаевПродукты питания российского производства
Продукты питания российского производства - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти Суғд хабар додааст, ки воридот 1 миллиарду 432,5 миллион доллар расид аммо содирот ҳамагӣ ба 409,3 миллион доллар баробар шудааст

ДУШАНБЕ, 31 дек — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд, ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд дар ёздаҳ моҳи соли равон ба 1 миллиарду 841,8 миллион доллар баробар шудааст.

Александр Разуваев директор аналитического департамента Альпари - Sputnik Тоҷикистон
Коршинос: воридот бахши коркарди иқтисоди Тоҷикистонро нафасгир кардааст

Аз ҷумла бар иттилои манбаъ, воридоти маҳсулот ба вилоят ба 1 миллиарду 432,5 миллион доллар ва содирот 409,3 миллион доллар баробар шуд.

Манбаъ зикр намудааст, ки комёбии назаррас дар самти содирот ин бамаротиб афзудани содироти семент будааст.

“Дар ёздаҳ моҳи соли 2019 ба миқдори 676 243 тонна семент ба маблағи 29,9 миллион доллар содирот карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин даври соли 2018 мутаносибан 241204 тонна ва 9,8 миллион доллар зиёд мебошад” – таъкид доштааст манбаъ.

Инчунин, ҳаҷми содироти маъдан дар ин давра ба 249,7 миллион доллар баробар шуда, дар маҷмӯъ 264,1 ҳазор тонна маъдан ва консентрат ба содирот бароварда шудааст.

Ҳамзамон, аз вилояти Суғд ба маблағи 9,7 миллион доллар маҳсулоти кишоварзӣ содирот шудааст. Аз ҷумла, ба маблағи 5,04 миллион доллар ба миқдори 14 ҳазору 338 тонна хушкмева ва ба маблағи 3,3 миллион доллар  ба миқдори 53 ҳазору 253 тонна пиёз ба бозорҳои беруна бароварда шудааст.

Лентаи хабарҳо
0