Чаппашавии маргбори “Мерседес” бо 4 узви оилаи Ахмедовҳо дар роҳи Бӯстон – Хуҷанд

© Sputnik / Владимир ВяткинМерседес, архивное фото
Мерседес, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз чаппашавии маргбори мошини “Мерседес”, ки дар дохилаш аъзои оилаи Ахмедовҳо будаанд, хабар додааст. Дар ин фоҷиа 4 узви оилаи Ахмедовҳо, аз ҷумла 2 наврас ҷароҳат бардошта, яке дар беморхона ҷон додаст

ДУШАНБЕ, 31 дек — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, ҳодиса 29-уми декабри соли 2019, тахминан соати 22:00, ҳангоме рух додаст, ки “Мерседес-Бенс”, таҳти идораи Ахмедов Боирҷон Раҳматович, сокини 44-солаи ноҳияи Б.Ғафуров дар роҳи Бӯстон-Чаннок-Хуҷанд ҳаракат доштааст.

Сгоревшая машина - Sputnik Тоҷикистон
Рӯйхати қурбониён: шарҳи расмии КҲФ дар бораи садамаи пурқурбонӣ дар Ваҳдат

Манбаъ афзуд, ронанда Боирҷон Ахмедов дар ҳудуди деҳаи Обҷувози ҷамоати деҳоти Қалачаи шаҳри Истаравшан аз уҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, мошин ба самти рости роҳ баромада, чаппа шудааст.

“Дар натиҷа, мусофирони автомашинаи мазкур Ахмедова Шарофат Мамадҷоновна, соли таваллудаш 1983, ноболиғ, Аҳмедова Дилором Боирҷоновна, соли таваллудаш 2002, сокинони ноҳияи Б.Ғафуров, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштаанд ва ноболиғ, Ахмедов Шариф Боирҷонович, соли таваллудаш 2003, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст”, - омадааст дар иттилоияи ВУД.

Мақомоти умури дохилӣ таъкид намуданд, ки феълан аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқ идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0