Соли равон бо қоидаҳои нави сабти симкорт бо пешниҳоди гирифтани шиносномаҳои нав, ифтитоҳи чархаи навбатии нерӯгоҳи Роғун, густариши ҳамкориҳо бо Узбакистон ва беҳбуди муносибот бо Эрон хотирмон шуд.
Ошӯбҳо дар зиндонҳо, гуфтушуниди Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо ҳамтои русиягияш Владимир Путин зимни сафар ба Маскав, иҷозат барои гузарондани “Ҳанги ҷовидон” аз ҳаводиси дигари сол буд.
Дар бахши варзиш маҳрум мондани Дилшод Назаров, гурзандози тоҷик аз ҳаққи иштирок дар чемпионати ҷаҳон бо иттиҳоми истифодаи доруҳои нерӯбахш, қаҳрамонии паҳлавони ҷавон Сомон Маҳмадбеков ва иштироки тими мунтахаби футболбозони ҷавон дар чемпионати ҷаҳон дар Бразилия аз пурсарусадотарин ҳаводиси сол шуданд.
Афв, ҳуҷум ба дидбонгоҳи сарҳадии “Ишқобод” ва фаъолшавии Маркази протсесингии интиқоли пул дар БМТ дар моҳҳои охири соли равон низ дар сархати расонаҳо қарор гирифтанд. Ин ва дигар ҳаводиси муҳими солро Sputnik Тоҷикистон дар тасвирбаёне гирд овард, ки метавонед бо он шинос шавед.