Тирхӯрии ҷавонзани 24-cолаи тоҷик дар марз бо Қирғизистон-аксҳо

© PixabayОхотничье ружье, архивное фото
Охотничье ружье, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тайиба Сафарова, сокини 24-солаи деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркуҳи Тоҷикистон, ҳаммарз бо деҳаи Қоқ-тоши вилояти Бодканди Қирғизистон аз тири силоҳи шикорӣ маҷруҳ шудааст

ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Иқбол Илёсзода, сухангӯи шаҳрдории Исфара, дар сафҳаи фейсбукияш изҳоротеро нашр кардааст, ки бар асоси он ҷавонзани тоҷик аз тири ҷониби қирғизҳо маҷруҳ гардидааст.

“Тайиба Сафарова тақрибан соати 9:45 дақиқа аз хона барои овардани об баромада, ҳадафи тири камони шикорӣ қарор гирифтаст. Тир аз хонаи Файзулло Назаров, сокини деҳаи Қоқ-тоши Қирғизистон холӣ карда шудаст", - омадааст дар иттилоияи нашркардаи Илёсзода.

Ҷабрдида ба беморхонаи шаҳрии Исфара интиқол дода шудааст.

Феълан мақомоти марзбонии Тоҷикистон ва Қирғизистон ин қазияро расман шарҳ надодаанд.

Лентаи хабарҳо
0