ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Дар ояндаи наздик дар сарҳади Тоҷикистону Узбакистон як постгоҳи нав кушода хоҳад шуд, хабар медиҳад сомонаи Parstoday бо истинод ба манобеи Форс.
Ба иттилои манбаъ, корҳои сохтмонӣ дар гузаргоҳи мазкур дар ҳоли анҷомёбӣ буда, дар ояндаи наздик он мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.
Ин гузаргоҳи нави марзӣ, ки ҳаждаҳумин гузаргоҳи марзӣ миёни ду кишвар хоҳад буд дар марҳалаи аввал фақат ба сурати рӯзона фаъолият хоҳад кард.
Тоҷикистон гардиши молу коло бо Узбакистонро 3 дарсад афзоиш дод
Манбаъ меафзояд, бештари гузаргоҳҳои марзӣ миёни Тоҷикистон ва Узбакистон дар миёнаҳои соли 2000 - ум бинобар шиддат гирифтани робитаҳо байни 2 кишвар баста шуданд ва то соли гузашта фақат 2 гузаргоҳи марзии Турсунзода- Сурхандарё ва Бӯстони- Бекобод, боз буданд.
Дар моҳи марти соли равон дар остонаи сафари Шавкат Мирзоев ба Тоҷикистон 16 гузаргоҳи мавҷуди марзӣ миёни 2 кишвар ба таври комил боз шуданд.