Ҳабиб Нурмуҳаммадов бо кӯдаки бепой футбол бозид - видео

Обуна шудан
Қаҳрамони муҳорибаҳои омехта, варзишкори доғистонӣ Ҳабиб Нурмуҳаммадов бо писарчаи 11-сола Алӣ Турганбеков, ки модарзод ,бепой аст, вохӯрд

Алӣ дар Қазоқистон ба дунё омадааст. Ӯ модарзод бе пой таваллуд шудааст. Барои волидони Алӣ мушкил буд, чун ӯро ба мактаби оддӣ, дар зодгоҳаш қабул намекарданд - шароити мусоид набуд. Ва хонаводаи Алӣ ба пойтахт кӯчид.

Нахустин бор аз бемории ин писарча дар барномаи Андрей Малахов сухан гуфтанд ва он замон тамоми ҷаҳон ба кӯмаки ӯ шитофт.

Публикация от Ali Turganbekov (@ali_amir_happy)

Барои ҷасорат  Алиро "Ник Вуйчичи қазоқистонӣ" меноманд. Худи Алӣ бисёр писарчаи зиндадил аст.

Алӣ Турганбеков дар назди Ҳабиб Нурмуҳаммадов бисёр ҷиддӣ буд. 

Албатта, чун то ин дам ӯ бо ситораҳои футбол Марадона, Месси, Неймар, Мбаппе ва Лингард футбол бозидааст.

Посмотреть эту публикацию в Instagram

Приятно было познакомиться Братишка @ali_amir_happy

Публикация от Khabib Nurmagomedov (@khabib_nurmagomedov)

Алӣ дар саҳифааш аксҳо бо Ҳабибро мунташир кардааст. Ҳабиб низ дар навбати худ дар саҳифааш аксҳои муштаракро нашр карда навиштааст: "Аз ошноӣ бо ту шодам, бародар!".

Лентаи хабарҳо
0