Рустами Эмомалӣ ба ду ҳазор кӯдаки ятиму бепарастор туҳфаҳои солинавӣ тақдим кард

Обуна шудан
Ба 2 ҳазор нафар кӯдакони ятиму бепарастори пойтахт аз номи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ туҳфаҳои солинавӣ тақдим гардиданд

ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Ба 2 ҳазор нафар кӯдакони ятиму бепарастор, аз оилаҳои ниёзманд, таълимгирандагони мактаб-интернатҳо ва хонаи кӯдакони пойтахт аз номи раиси шаҳри Душанбе  Рустами Эмомалӣ туҳфаҳои солинавӣ тақдим карда шуданд.

Дар ин бора раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки туҳфаҳои мазкур зимни барномаи фарҳангиву фароғатии солинавии "Шаҳри афсонаҳо", ки имрӯз бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Сирки давлатии Тоҷикистон  доир гардид, тақдим шуданд.

Рахмон в школе-интернате №1 для детей-сирот в городе Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон барои сайру гашт ба кӯдакони ношунаво ду автобус тақдим кард

Ба иттилои манбаъ, барномаи мазкур дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо мақсади дар сатҳи баланди ташкиливу ғоявӣ таҷлил намудани фарорасии Соли нави мелодии 2020 ва фароҳам овардани шароити мусоид барои истироҳату фароғати кӯдакону наврасони пойтахт ташкил гардид. Дар барномаи мазкур қариб 2000 кӯдакони ятиму бепарастор, аз оилаҳои ниёзманд, таълимгирандагони мактаб-интернатҳо ва хонаи кӯдакон иштирок намуданд.

"Толори Сирки давлатӣ бо тарзи хоси солинавӣ оро дода шуда, дар он рамзи асосии Соли нави мелодӣ – арча насб гардид",- омадааст дар иттилоияи манбаъ.

Барномаи идонаро бо сухани ифтитоҳӣ муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ифтитоҳ намуда, паёми шодбошии Рустами Эмомалиро ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2020 ба кӯдакони пойтахт расонд.

Дар идома барномаи рангини солинавӣ таҳти унвони  "Шаҳри афсонаҳо", ки дар асоси ҳикояи Убайди Зоконӣ "Муш ва гурба" дар шакли намоиши театрикунонидашуда, ки аз бозиҳои афсонавӣ, суруду тарона ва рақсу навоҳои дилнишин дар васфи "Тоҷикистон", "Душанбе", "Шаҳри афсонаҳо", "Соли Муш" ва ғайра иборат буд, бо шмркати беш аз 500 нафар ба тамошо гузошта шуд.

"Бо пешниҳоди барномаи театрикунонидашуда ҳунармандон, ки қаҳрамонҳои гуногуни афсонавиро васф мекарданд,  иштирокчиёни хурдсолро ба дунёи рангини тахайюлот ва афсонаҳои кӯдакии худ ворид менамуданд", — афзуд манбаъ.

Барномаи фарҳангӣ-фароғатиро шогирдони мактабҳои мусиқӣ, ансамблҳои бачагонаи пойтахт, кормандони Сирки давлатии Душанбе ва дигар гурӯҳҳои эҷодӣ бо ҳунари волои худ боз ҳам рангину дилкаш намуданд.

"Дар баробари ин, шодию хурсандии иштирокчиён ва ҳунармандони хурдсолро туҳфаҳои солинавии Рустами Эмомалӣ, ки дар ҷараёни чорабинии фарҳангӣ ба ҳамаи иштирокчиён тақдим карда шуданд, дучанд гардонид", — афзуд манбаъ.

Лентаи хабарҳо
0