ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Кормандони милитсияи як ноболиғи 17 - соларо боздошт намуданд, ки дар содир намудани ҷинояти авбошӣ гумонбар догиста мешавад, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, писарбачаи 17-солаи сокини кӯчаи Борбади пойтахт ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуд.
"Номбурда, рӯзи 27-уми декабри соли 2019, тахминан соати 15:00, нобилиғи 17-солаи сокини ноҳияи Синоро лату кӯб намуда, бо олоти халандаю бурранда як маротиба ба шикамаш зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст", - омадааст дар хабар.
Хусумати миллӣ: боздошти 6 донишҷӯи Петербург, ки шаҳрванди Тоҷикистонро латукӯб карданд
Дар натиҷа, ҷабрдида ба саломатиаш ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи "Шифобахши"-и шаҳри Душанбе бистарӣ гардидааст.
Феълан рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.