Ҳалокати ду ноболиғ дар роҳи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ

© Sputnik / Табылды КадырбековДТП, архивное фото
ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ду садамаи маргбор дар роҳҳои ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ хабар дод, ки бо марги ду ноболиғ анҷомидаанд

ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, 25-уми декабри соли 2019, тахминан соати 17:50-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Мирзошоев Салимҷон, сокини 45-солаи ноҳияи мазкур ангоми ҳаракат аз самти деҳаи Ваҳдат ба самти маркази ноҳияи А.Ҷомӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадааст.

Пассажирский самолет рухнул в Алматы - Sputnik Тоҷикистон
Суқути ҳавопаймои мусофирбар дар Алмаато: 14 кас ҳалок шуд

“Дар натиҷа пиёдагарди хурдсол Давлатёров Разиаллоҳ Риёзқулович, зодаи соли 2016, сокини деҳаи Ваҳдатро пахш намудааст, ки кӯдаки хурдсол дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”, - омадааст дар иттилоияи ВУД.

Манбаъ афзуд, ҳамчунин 25-уми декабри соли равон, тахминан соати 20:50 ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Давлатзода Ҳоҷӣ Хайрулло, соли таваллудаш 1980, дар ҳолати мастӣ ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Ёвон, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ифтихор пиёдагарди наврасро зер кардааст.

ВУД тавзеҳ дод, ки ронандаи “Опел” аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ Гулмуродов Фирдавс Шералиевич, соли таваллудаш 2002, хонандаи синфи 11-ум, сокини деҳаи Навободи ҳамин ноҳияро зер намудаст.

Дар натиҷа, пиёдагарди ноболиғ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

ВУД таъкид кард, ки феълан аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0